Тайи се рӯз дар Душанбе озмун-намойишгоҳи рассомӣ идома хоҳад кард.
Дар ин бора ба мо аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, дар доираи татбиқи қарори райиси шаҳр «Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи стратегияи мубориза бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2008-2012» муроҷиати созмони ҷамъиятии «Кӯҳи нор» барои баргузор намудани озмун - намоишгоҳи рассомӣ таҳти унвони «Мубориза бар зидди коррупсия» дастгирӣ ёфт.
Дар асоси қарори марбутаи шаҳрдорӣ ба ин ташкилот иҷоза дода шудааст, ки аз 22 то 25 майи соли 2011 ҳамарӯза аз соати 8-00 то соати 17-00 озмуни мазкурро дар гулгашти майдони «800-солагии Москва» доир созад.