Соҳибкорони “Бозори марказӣ”: “Чекпулӣ”-ро ду баробар гарон карданд
Бархе соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и шаҳри Истаравшан иддао доранд, давоми 4 рӯзи охир масуълини бозор “чекпулӣ”-ро аз як сомонии қабл ба се сомонӣ боло бурдаанд.
Яке аз ин соҳибкорон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, агар чанд рӯз пештар барои як метри мураббаъ аз онҳо 1 сомонӣ “чекпулӣ” мегирифтанд, ҳоло 3 сомонӣ талаб мекунанд. “Ман дар бозори хӯрока савдо мекунам. Сабаби якбора боло бурдани нархи чекро намедонем. Ин барои мо хеле гарон меафтад”,-гуфт ӯ.
Як тоҷири дигари ин бозор гуфт, ахиран барои боло бурдани “чекпулӣ” маъмурияти бозор бо соҳибкорон шартнома бастаанд: “Дар ин шартнома на имзои роҳбари бозор ҳаст ва на муҳр. Ҳамчунин муайян нашудааст, ки як нафар бояд чӣ миқдор “чекпулӣ” пардохт кунад”.
Соҳибкорон мегӯянд, ин ҳам дар ҳоле ки болопӯши бозор сурох буда, рӯзҳои боронӣ маҷбуранд, сурохиҳоро бо “селофан” пӯшонанд.
Қаҳрамон Устобоев, як масъули ин бозор, ки ба гирифтани “чекпулӣ” аз соҳибкорони “Бозори Марказӣ”-и шаҳри Истаравшан машғул аст, 2 август дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки миёни тоҷирон ва маъмури бозор шартномаи нав баста шудааст. Ӯ гуфт, шурӯъ аз рӯзи чоршанбе “чекпулӣ” аз 3 ба 2,5 сомонӣ поин оварда шуд: “Фурӯшандаҳои атриёт, собун ва айна 3 сомонӣ ва фурӯшандаҳои хӯрока 2,5 сомонӣ “чекпулӣ” месупоранд. Мо дидем, ки ба халқ душвор шуд, “чекпулӣ”-ро 50 дирам кам кардем”.
Дар ҳамин ҳол, Мурод Сангинов, мудири “Бозори Марказӣ”-и шаҳри Истаравшан гуфт, боло бурдани “чекпулӣ” бидуни асос сурат нагирифтааст: “Баъди таъмири роҳравҳои бозор ва тибқи қарордод амал намудани соҳибкорон нархномаи “чекпулӣ” дигар шуд. Қаблан як фурӯшанда дар 3 то 5 метр маҳсулоти худро мефурӯхт, вале “чекпулӣ”-ро ба хости худашон пардохт мекарданд. Пас аз қарорҳои “Тоҷикматлубот” ва таъмирҳо тартибот дигар шуд”.
Сангинов мегӯяд, ҳоло бозор таъмир ёфта, роҳравҳо васеъ шудаанд ва мувофиқи меъёр ҳар соҳибкор бояд барои ҳаҷми ҷойи дар ихтиёрдоштааш “чекпулӣ” супорад: “Мувофиқи нархи маҳсулотҳо барои “чекпулӣ” аз 1,5 то 4 сомонӣ меъёр гузошта шудааст. Мо ҷойҳои онҳоро ба худи соҳибкорон додем ва фаҳмонидем, ки бояд мувофиқи меъёр “че”пулӣ"-ро пардохт кунанд. Ман бо соҳибкорон маҷлис карда, фаҳмонидам, ки кадоме аз онҳо шароити зиндагии вазнин доранд, нарху наворо арзонтар мекунем. Мо ҳақ надорем, “чекпулӣ”-ро боло барем”.
Ба гуфтаи ӯ ҳамагӣ 3 моҳи ахир роҳбарии бозорро ба уҳда дорад ва дар ин муддат зиёда 1,500 метри мураббаъро таъмир кардаанд: “Ин чиз то имрӯз набуд. Кӯчаи назди бозорро мумфарш кардем. Ҳозир ҷойҳояшон пурра таъмир шуда, мо нақшабандӣ кардем, ки то охири сол болои боми бозорро таъмир кунем. Дар бозор зиёда аз 400 нуқтаи савдо мебошад”.
Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи як фурӯшандаи бозор таъмир аз ҳисоби худи соҳибкорон анҷом шудааст: “Бозор танҳо пули соҳибкоронро роҳбарӣ кард, аммо таъмир аз ҳисоби худи соҳибкорон шуд. Ҳар соҳибкор ҷойи савдояшро худаш таъмир кард”.