Додситони Суғд: Парвандаи 97 нафар вобаста ба ҷиноятҳои экстримистӣ-террористӣ ба додгоҳ рафт (САДО)
Додситонии вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли равон 230 ҷинояти хусусияти экстремистӣ-террористидошта ба қайд гирифтааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад камтар мебошад. Ин нукта дар нишасти хабарии Додситонии Суғд таъкид шуд.
Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят дар ҳузури журналистон гуфт, дар самти муқовимат бо экстремизм, терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти миллӣ ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ мунтазам санҷида, аз натиҷаи онҳо чораандешӣ шудааст. Ӯ афзуд, дар миқёси вилоят 230 ҷиноятҳои экстремистию террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад кам мебошад. Ин рақам дар шашмоҳаи соли 2016, 330 ададро ташкил медод. “Вале ин ҳам мазмуни онро надорад, ки шумо фикр кунед, ҳамин 230 адад ҷиноятҳои экстримистӣ-террористиро дар 6 моҳи соли 2017 содир карда бошанд. Ман дар назар дорам, ки инҳоро мо ҳозир ошкор кардем ва ба қайд гузоштем. Аслан, агар инҳоро таҳлил кунем, бештари ин ҷиноятҳо солҳои гузашта ҳастанд, лекин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ нав ошкор карда шуданд”,- мегӯяд Ҳабибулло Воҳидов.
Ба гуфтаи додситони Суғд, онҳо дар ин давра ҳамагӣ 178 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 248 нафар вобаста ба ҷиноятҳои экстримистӣ-террористиро тафтиш намуда, 67 адади онҳо нисбати 97 нафар ба судҳо фиристода шудаанд.