Шарти Манижаи Давлат барои бозгашт ба саҳнаи ҳунар
Манижаи Давлат, хонандаи пуровозаи поп, ки беш аз даҳ соли ахир аз саҳна канор рафтааст, шарти ба саҳна баргаштани худро эълон кард.
Манижа дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, агар санъаткороне, ки дар аз саҳна дур карданаш нақш доштанд, мисли ӯ чанд сол умри худро дареғ надоранд, ба саҳна бармегардад. Манижа дар ин навишта, ки бо таъкиди “барои кулли расонаҳо” нашр шудааст, мушаххасан аз ҳеч санъаткоре ном набурда, аммо таъкид намуда, ки онҳо барои аз саҳнаву ҳаводорон дур карданаш “номи бисёр нафаронро истифода бурданд”.
Матни ин навиштаи Манижа бидуни таҳрир:
“Барои баъзе санъаткорхое, ки хелеее талош карданд, ки ман аз сахнаву хаводоронам дур шавам то, ки онхо рушд кунанд ва барои ин бисер чизхо ва номи бисер нафаронро истифода бурданд, харчи чи,ки хостанд дарег надоштам ва шанс додам. Гуфтам: бигузор, агар ба хамин кадар кор ки душмани ман хурсанд гардад ман розй...
Саволе ба миён меояд,ки онхо хам метавонанд 11-12соли умри худро барои ман дарег надоранд.Агар тавонанд-МАН БА САХНА БАРМЕГАРДАМ!
Манижаи Давлат барои кулли расонахо.m.d”
Манижаи Давлат соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, фориғутаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар соли 2006 мебошад. Ӯ соли 2001 бо ҳамовозӣ дар як таронаи Сироҷиддин Фозилов, хонандаи саршиноси тоҷик рӯи саҳна омад ва зуд шуҳрат ёфт. Яке аз нахустин хонандаҳои попи тоҷик акст, ки дар Афғонистон ҳунарнамоӣ кард. Аммо баъдан ба таври мармуз аз саҳна канор рафт ва далелашро ҳам ҳеч гоҳе ошкор накада буд. Дар солҳое ки берун аз саҳна буд, барои чанд хонандаи тоҷик, монанди Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳринигори Рустам, Ҷонибеки Мурод, Баҳроми Ғафурӣ, Зайнура Пӯлодова ва чандеи дигар оҳангҳо навишт. Дар ин муддат ду таронааш ҳам ба дасти ҳаводоронаш расид: яке “Осмон боронист” ва дигарӣ “Метарсам”, ки дар якҷоягӣ бо Ҳабиб Ҳакимов иҷро шуд.