Эълони ҳукми собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод
Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, собиқ ноиби раиси Оҷонсии зидди фасодро ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки ҳукми додгоҳ ҳафтаи гузашта содир шуд.
Манбаъ афзуд, ки Фаридун Беназирзода, масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ ба 10,5 соли зиндон маҳкум гардидаст. Дар мавриди ҳукми масъулини дигари боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод феълан иттилое рӯи даст нест. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ аз ҳукми собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод изҳори бехабарӣ кард.
Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки парванда алайҳи кормандони воломақоми Оҷонсии зидди фасод пушти дарҳои баста баргузор мегардад: “Атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст”.
Раиси Суди Олӣ таъкид кард, ки собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод дар гирифтани пора, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.