Вазир: Қатъи барқу камбуди кокс кори ТАЛКО-ро халалдор кард (ВИДЕО)
Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, қатъи якбораи интиқоли барқ барои чанд соат, ки тирамоҳи гузашта рух дод, яке аз сабабҳои асосии коҳиши истеҳсоли алюминий дар кишвар мебошад.
Ҳикматуллоҳзода имрӯз, 1-уми август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе камбуди электролизҳо, таъхир дар воридоти кокси нафтиро аз сабабҳои дигари камшавии истеҳсолоти алюминий дар Тоҷикистон гуфт.
Вазир таъкид намуд, ки соли равон истеҳсоли 170 ҳазор тонна алюминий пешбинӣ шудааст ва масъулини ТАЛКО изҳор доштанд, ки нимсолаи дуюм талош мекунанд, ин нишондиҳандаро амалӣ намоянд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли алюминий 24 ҳазор тонна коҳиш ёфта, ба 49,5 ҳазор тонна баробар шудааст.