Фаъолони қазоқ ба роҳбарони кишварҳои ғарбӣ: Ҳуқуқҳои инсон нақз мешавад
Бештар аз 20 фаъоли шаҳрвандии шаҳри Алматои Қазоқистон 29 июл ба бархе аз роҳбарони кишварҳои Ғарб, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва чанд созмони байналхалқии демократӣ мактуб фиристоданд.
Дар мактуб фаъолон аз роҳбарону созмонҳо хостаанд, ки ба поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон таваҷҷуҳ карда шавад.
Дар мактуб омадааст, ки фаъолоне мисли Макс Бокаев, Талгат Аян, Арон Атобек, рӯзноманигор Жанболат Мамай, Саидқозӣ ва Асет Матаевҳо, профессор Саят Иброев, раиси пешини ширкати "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишев, блогнавис Санат Досоев ва дигарон аз зиндон озод ва таъқиби ҷиноӣ нисбати онҳо қатъ шавад.
Фаъолони шаҳрвандӣ нахуст назди ёдгории Маҳатма Гандӣ дар маркази Алмато ҷамъ омаданд ва намояндагии додситону пулис онҳоро пароканда карданд.
Фаъолон баъдан ба майдони дигари Алмато рафта, назди ёдгории Желтоксан гул гузоштанд. Ва баъди он ба почтаи марказӣ рафта, мактубро ирсол карданд.
Дар берун аз почтаи марказӣ фаъолон шеърҳои Абайро қироат карданд. Баъди ин фаъолон пароканда шуданд. Пулис касеро боздошт накард.