Вазорати молия: Барои неругоҳи “Роғун” 1 миллиарду 820 миллион сомонӣ ҷудо шудааст
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии “Роғун” давоми шаш моҳи соли равон аз буҷаи давлат 1 миллиарду 820 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 28 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ дар назар аст барои тарҳи ин лоиҳа соли оянда 2 миллиард сомонӣ ихтисос ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як дидор бо роҳбарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон изҳор дошта буд, марҳилаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” соли 2018 фаъол мешавад.