Картошка имсол қимматтар мешавад?
Масъулони Агентии омори Тоҷикистон мегӯянд, майдони кишт ва ҳосили картошка давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 23 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи Гулнора Ҳасанзода, раиси ин агентӣ, 3,2 фисади истеъмолоти буҷаи хонаводаро картошка ташкил медиҳад.
Хонум Ҳасанзода 27 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, аз 836 ҳазору 916 гектар замини киштшуда 30 ҳазору 375 гектар (4,8%)-ро картошка ташкил медиҳад.
Ба ҳисоби Агентии омор давоми шаш моҳи соли равон нархи картошка 1,7 баробар гарон шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки бархе сокинони кишвар мегӯянд, имсол арзиши як кило картошка то 5 сомонӣ боло рафт ва картошкаи тухмиро ҳатто бо қиммати 8 сомонӣ ҳам пайдо накарданд. Мастон Шарипов, муовини раиси бозори “Деҳқон” 6 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нархи як кило картошка, ки қаблан аз ҳадди 5 сомонӣ гузашта буд, феълан аз 3,5 то 4,5 сомонӣ нарх дорад: “Тобистони соли гузашта, маҳз ҳамин рӯз, 6 июл арзиши як кило картошка 1 сомониву 30 дирамро ташкил медод”.
Раёсати “Бозори Деҳқон”: Нотинҷӣ дар Кундуз картошкаро қимат кард...
Вазир: Даврае, ки сабзӣ 20 ва картошка 60 дирам буд, гузашт (ВИДЕО)
Ҳусейн Идиев: Нархи картошкаро Раёсати “Тоҷикматлубот” ё раиси шаҳри Душанбе гарон накардааст