“Озодагон” бо нашри ин матлаб аз тамоми донишмандон, соҳибназарон, таҳлилгарони тавонои тоҷик дар саросари олам, ҳамчунин устодону муҳаққиқони Академияи улум ва донишгоҳҳои кишвар даъват мекунад, ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, назароти оянданигарии худро барои доштани як Тоҷикистони устувору обод рӯйи саҳфа биёранд. Бовар дорем ба ин баҳси милли шарик мешавед ва онро ҳамагонӣ месозем. Матлабҳои худро бо нишонии ozodagonweb@gmail.com ва abdulazizvoseev@gmail.com бифиристед.
Салими АЮБЗОД
барандаи Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ дар соли 2017
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?!
Фирдавсӣ
Фарзандону наберагони моро чӣ ояндае дар пеш аст? Тоҷикистон пас аз 30 сол чӣ гуна хоҳад буд? Оё имрӯз мо дар пайи сохтани чӣ фардое ҳастем? Ҳар гоҳ чашмам ба гузориши марказҳои ояндашиносӣ афтад, беихтиёр ин пурсишҳо ба зеҳнам меоянд. Ҳарчанд ба гуфтаи муаррихи юнонӣ Полибӣ, “оянда ҳамеша беҳтар аст”, чизе ки дар пеш дида мешавад, чандон хурсандӣ намебахшад.
Физики машҳур Стивен Ҳокинг онро “хатарноктарин давраи таърихи башар” меномад. Муҳаққиқони рус Алексей Миллер ва Федор Лукянов, ки ояндаи ҷаҳонро барои ҳукумати Русия пешбинӣ мекунанд, мегӯянд, ки “оянда холӣ аз хушбинӣ, парешон ва изтиробангез аст”.
Хулосаи марказҳои бузурги тадқиқотӣ, монанди Пажӯҳишгоҳи Ояндашиносии Копенҳаген, созмони Network, Донишкадаи Теллус, Академияи ояндабинии Ирлонд ва ғайра, бо вуҷуди бархе аз нукоти мусбат, ба сурати умум, ғамангез ва ҳатто тарсовар аст. Дар зимн, 90 дарсади пешгӯиҳои соли 1961-и Network имрӯз дуруст баромадаанд. Солҳои охир хадамоти иктишофии бисёре аз кишварҳо бахшҳои ояндабинӣ боз кардаанд.
Чаро миллионҳо доллар барои омӯзиши чизе сарф мешавад, ки худ ҳанӯз нест? Рушан аст: онҳое, ки ояндаро медонанд, омодагии бештаре хоҳанд дошт ва бар онҳое, ки онро намедонанд, ҳукумат хоҳанд кард. Дар ватани мо сари ин масъалаҳо кам меандешанд ва миллионҳо доллар ҳам нест, ки барои ояндабинӣ сарф шавад. Вале ин қарзи муқаддаси фарзандонаш аст, ки агар тавонанд, фонусаке дар масири ватани худ даргиронанд. Огаҳӣ аз оянда беҳтар аз ғафлат аст. Гоҳе ки донистаем, наҷот ёфтаем ва гоҳе ки бехабар мондем, зарбаи камаршикан хӯрдем.
НЕРӮ
То 30 соли дигар зери фишори тағйири иқлим нафту газу ангишт ҳамчун муҳаррикони иқтисод мамнӯъ хоҳанд шуд. Network мегӯяд, "ҷойи онҳоро нерӯи ҳастаӣ, офтоб ва бод мегирад”.
Гоҳе ки ин мақоларо менавиштам, хабар расид, Фаронса то соли 2040 истифодаи мошинҳои бензину дизелсӯзро манъ мекунад.
Тоҷикистон на танҳо ба тавлиди ангишт бартарӣ медиҳад, балки саноати худро бар пояи он месозад. Дирӯз хабаре хондам, ки дар Қубодиён бузургтарин корхонаи соруҷ ё семент таъсис хоҳад ёфт. Чунин коргоҳ дар Душанбе, Ҳисор ва ҳам маркази гармидиҳии пойтахти кишвар бо ҳарорати ангишт кор мекунанд. Истеҳсоли ангишт дар кишвар ҳар сол то 140 дарсад бештар мешавад.
Созмонҳои экологӣ бар инанд, ки ҳарорати Замин дар 30 соли оянда 2 то 2,5 дараҷа боло меравад. Ҷануби Канада ба субтропик ва ҷануби ИМА ба биёбон табдил меёбанд, наздики 15 дарсади Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Ҷопон ва Бритониё зери об мемонад. Табиист, ки бо наздик омадани ин хатар мубориза бо гармшавии иқлим шиддат мегирад, ки масъалаи ангиштро низ дар назар хоҳад дошт.
Ягона самти мусбати ояндасозии энергетикии Тоҷикистон тамаркуз рӯйи нерӯи обии барқ аст, аммо дар натиҷаи тағйири иқлим, ки суръати обшудани пиряхҳоро дар 30 соли гузашта наздик ба 9% тезондааст, дар 30 соли оянда, ба гуфтаи бунгоҳи кайҳоннавардии Амрико -- NASA ва Пажӯҳишгоҳи DLR-и Олмон, аз 7090 пиряхи Ҳимолой, Тибет ва Помир ҳамагӣ 82 адад боқӣ мемонад, он ҳам дар ҳаҷми ба маротиб коҳида. Об шудани пиряхҳо “маҷрои рӯдҳои асосиро номуназзам мекунад ва селу обхезиро бештар”.
Шояд вақти муносиб аст, ки кишвар бештар ба энержии офтоб ва бод такия кунад ва агар тавонад, ба нерӯи ҳастаӣ даст ёбад?
ИНСОН
На танҳо тағйир ва душвориҳои зиёд билохира инсонро дигар хоҳанд кард, балки биотехнология имкон хоҳад дод, ки падару модар барои кӯдаки ояндаи худ на фақат ҷинс, балки вазн, қомат, ранги мӯй, пӯст ва чашмро низ интихоб кунанд. Онҳо ҳатто хоҳанд тавонист, майлу шуғли ояндаи фарзанди худро низ пайрезӣ кунанд. Аммо мубориза барои ҳаёт дар пасманзари Бекории Бузург рақобатро миёни одамон ба авҷ хоҳад расонд.
Ба гузориши Шӯъбаи иқтисод ва умури иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид аз 29 июли соли 2015, аҳолии ҷаҳон дар соли 2050 аз 7,3 миллиарди феълӣ ба 9,7 миллиард нафар хоҳад расид. Network мегӯяд, аз ин теъдод танҳо 10 дарсад машғули саноат ва кишоварзӣ хоҳад буд, 60 дарсад дар соҳаи информатика ва хидматгузорӣ нон хоҳад ёфт ва 30 дарсади боқимонда бекор хоҳад монд!
Аз бинокорию ронандагӣ гирифта, то корҳои рӯзгорро мошинҳо анҷом хоҷанд дод. Киборгҳо дар илм, таҳқиқ ё таҳлил аз инсонҳо хоҳанд гузашт ва кори ба маротиб беҳтар анҷом хоҳанд дод.
Таъсири ин падида шабеҳи ихтирои дастгоҳҳо дар садаи 19 хоҳад буд, ки садҳо ҳазор коргарро бе шуғл ва музд гузошт ва сабаби инқилобҳои шадиди иҷтимоӣ шуд.
Ҳамзамон роҳи табобати бисёре аз бемориҳои сангин, монанди саратон, СПИД, диабети қанд кашф шуда, аммо маразҳои наву мудҳиштаре рӯ хоҳанд зад. Асрори пиршавии инсон кашф ва ин раванд кундтар хоҳад гашт. Ихтироъкор ва ояндашиноси амрикоӣ Рэй Куртсвейл бар ин аст, ки соли 2045 “мушкили Ибни Сино” ё “банди аҷал” кушода хоҳад шуд ва аввалин одамони “ҷовид” зуҳур хоҳанд кард.
Нобаробарии иҷтимоӣ ба авҷи худ хоҳад расид. Худбинӣ шоҳсутуни сиёсати берунаи кишварҳои пешрафта хоҳад шуд, зеро онҳо дигар ба ҷаҳонишавӣ манфиатдор нахоҳанд буд. Ҷинояткорӣ густариш хоҳад ёфт ва ҳукуматҳо ҳабси абад ё ҳукми қатлро барои ҷиноятҳои хурдтар низ ҷорӣ хоҳанд кард. Барои афроде, ки ба чаҳорчӯби ҷомеа нахоҳанд гунҷид (бехонаҳо, майзадаҳо, нашъамандон, беморони равонӣ), урдугоҳҳои махсус сохта хоҳанд шуд. Худкушӣ ва эфтаназия (марги ихтиёрӣ) густариш хоҳанд ёфт.
Бино бар хулосаи маркази Network, ин ҳол сабаб мешавад, ки дар саросари ҷаҳон маҳдудияти зоиш ҷорӣ шавад. Яъне ҳар оила метавонад танҳо 1 фарзанд дошта бошад.
Ҳамчунин ба ҳадси ояндабинҳо, маводе ёфт хоҳад шуд, ки инсонҳоро безурёт мекунад ва пеши роҳи афзоиши бефосилаи аҳолиро мегирад. Силоҳҳое сохта хоҳад шуд, ки тӯпу тонки имрӯзаро ба тудаи оҳанпора табдил хоҳанд дод.
Тахмин задан душвор аст, ки дар ин пасманзар ҷойи тоҷик дар тақсими ҷаҳонии кор куҷо хоҳад буд, Тоҷикистон чӣ мутахассисоне ба бозор пешниҳод хоҳад кард ва мардум нони худро чӣ гуна ба даст хоҳад овард?
ИШТИБОҲ?
Академик Акбари Турсон дар як мусоҳибаи катбӣ сари ин мавзӯъҳо бароям навишт, “камбуди асосии ояндашиносони хориҷӣ дар он аст, ки онҳо таъсири се навъи омилҳои татаввур ё рушдро дар минтақаамон дар ҳамбастагӣ таҳлилу таркиб намекунанд: омилҳои дарунӣ (1), берунӣ (2) ва дарунию берунӣ (3). Дигар як категорияи омилҳо низ ҳаст, ки онро ҳам аз назар дур кардан набояд; ба қавли русҳо, человек предполагает, а бог располагает! Онҳо сириштан омилҳои тасодуфие мебошанд, ки оқибатҳои сахту сангини иҷтимоию сиёсӣ дошта метавонанд, манзурам, заминларза, обхезии табиӣ ё сунъӣ, якбора тағйир ёфтани вазъи обу ҳавост (чӣ расад ба хатари бархӯрди ногаҳонии Замин бо ҷирмҳои осмонӣ, ки боиси фалокати тасаввурнашавандаи кайҳонӣ буда метавонад!) Хатари фалокатбори кӯли Сарезро гиред, ки дар ҳудуди хатари марговари он 5-6 миллион тоҷик, ӯзбак ва туркман зиндагӣ мекунад: барои бартараф кардани оқибати чунин фоҷиаи имконпазир, ки дар натиҷаи заминларза ё ҳатто амали террористӣ сурат гирифта метавонад, садҳо миллиард долларро харҷ кардан лозим меояд, ки аз осмон намеафтад!”
Зимнан, бархе аз марказҳои ҷаҳонӣ модели ҳифзи Заминро аз бархӯрди ҷирмҳои осмонӣ сохта дар тасаввури компютерӣ (олами виртуалӣ) озмудаанд, вале ягон роҳу воситаи наҷоти сайёраамонро ҳанӯз наёфтаанд. Ба ҳар ҳол дар воқеъ ҳам инсон ҳадс мезанад, вале ҳамоно чизе хоҳад шуд, ки Худо мехоҳад, на бандагонаш!
КИШВАРДОРӢ
Маркази ояндабинии Network, оре, ҳамоне ки 90 дарсади пешгӯиҳояш дуруст баромадааст, мегӯяд, “то соли 2017 ёрии кишварҳои сарватманд ба давлатҳои камбағал бо баҳонаи ғамхорӣ дар ҳаққи муҳити зист қатъ хоҳад шуд. Қаламрави онҳоро мамнӯъгоҳҳои ҷаҳонӣ эълом хоҳанд дошт ва идораашонро аз берун ба роҳ хоҳанд монд.”
Боварнакарданист? Ба ёди ман пешниҳоди як лорди бритониёӣ меояд, ки дар оғози садаи 20 гуфт, бояд ба ҳеч гуна тағйири вазъ дар Афғонистон роҳ надод ва қаламрави онро музейи ҷаҳонӣ кард. Бигзор дар садаҳои баъдӣ ҷаҳонгардон ба ин осорхонаи таърих оянд ва замони гузаштаро бо чашмони худ бинанд. Чизе мисли ҳамин. Ин пешниҳод расман пазируфта нашуд, вале амалан кори худро кард. Афғонистон имрӯз на танҳо ба осорхона, балки ба озмоишгоҳи ҳарбӣ табдил шудааст ва 40 соли охир аз рушди саноатӣ бенасиб аст.
Як пешниҳоди дигар дар соли 1994 нашр шуда буд. Коршиносе аз Русия бо камоли ҷиддият навишта буд, ки идораи Тоҷикистони ноором ба дасти ниҳодҳои ҷаҳонӣ (СММ, Бонки ҷаҳонӣ, IMF ва монанди инҳо) дода шавад. Чунин пешниҳодҳо дар мавриди бархе аз кишварҳо Африқо низ садо додаанд. Ҳуқуқи байнулмилал оромона шоҳиди он шуд, ки бо сарнагун кардани раҳбари Ироқ Саддом Ҳусайн ИМА чанд сол идораи кишварро ба дасти худ гирифт.
Дар ҳоле ки ҳукумати бисёре аз кишварҳои камбизоат амалан дастнишонда ё думрави қудратҳои қавитаранд, амалӣ шудани тахмини Network дур аз эҳтимол нест. Шояд раддабандии “давлатҳои ноком”, ки сол пайи сол Тоҷикистон яке аз онҳо дониста мешавад, бесабаб нест?
Дар ин пасманзар моро чӣ сохти сиёсие дар пеш хоҳад буд? Барои марказҳои ояндабинӣ кори аз ҳама мушкил пешбинии равандҳои сиёсист. Ин рӯст, ки утопиҳои Афлотун ё Кампанелла ҳамчун ҳавасҳои тафритие боқӣ монданд ки “қишлоқи тилоӣ” таҷассуми онҳост. Аммо садаи 21 дар ин зовияҳо намегунҷад. Ҷаҳон ба маротиб печидатар шуда, суръати таҳаввулот то рафт меафзояд.
Лек дар намунаи Тоҷикистон ва кишварҳое мисли он мебинем, ки суръати таҳаввулот, чи технологӣ ва чи сиёсиву иқтисодӣ, мисли пештара суст аст. Бо тундтар шудани равандҳои ҷаҳонӣ ҳароси соҳибдавлатон аз бохтани қудрат бештар ва талоши муқовимат ба дигаргуниҳо шадидтар мешавад. Дар ин пасманзар пешгӯии лағви иҷбории давлатдорӣ аз сӯйи қудратҳои беруна аз гумон ба яқин табдил хоҳад ёфт.
Тоҷикистон амнияту суботашро ба Русия бастагӣ додааст ва бино бар ҷой доштани калонтарин пойгоҳи заминии ҳарбиёни рус дар Тоҷикистон вазъи Русия ба он бетаъсир нахоҳад буд. Таҳлилгарони Geopolitical Futures мегӯянд: “Хеле пеш аз 2040 Русия дар беҳтарин ҳолат конфедератсияи минтақаҳое хоҳад буд, ки бо Маскав васл, аммо зери назорати он нестанд.” Ояндашинос Константин Дараган пешбинӣ мекунад, ки то соли 2040 дар Русия “адами тамаркузи қудрат” ба миён омада, "эҳтимоли ширкати ин кишвар дар низоъҳои минтақавии мусаллаҳона" дар пасманзари нооромиҳои эҳтимолӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон "хеле қавӣ" хоҳад буд, "ба вижа пас аз солҳои 2025-2028."
Чунин кишварҳои хурд дар баробари хатарҳо чи "силоҳ" ё "сипар"-е хоҳанд дошт? Артиши қавӣ? Силоҳи пешрафта ё ваҳдату фидокории саросарии мардум?
Суботи аслиро, ба ақидаи таҳлилгарон, пойгоҳи васеъ ва нисбатан воҳиди иҷтимоӣ таъмин карда метавонанд. Он имкон медиҳад, элита дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷойи бештаре барои гардиш дошта бошад. Пойгоҳи иҷтимоии борик шикананда аст, густариши он ба адлу қонун, рушди иқтисодӣ, сарватмандии ом, артиши қавӣ ва силоҳи пешрафта бастагӣ хоҳад дошт. Ҳимояти васеъ ва умумиро бо тақсими фарохи қудрат мешавад ба даст овард ва маҳдуд шудани он дар дасти як нафар, оила ё гурӯҳи хурд боиси шикасти зуду осон хоҳад гашт.
Алҳол талоши ҳифзи ҳолати имрӯза ба сиёсати умда табдил меёбад. Вале, ба гунае ки таърих нишон додааст, он наметавонад, дурудароз ва бе бунбаст ё суқут идома кунад. Ин шояд нармтарин пешбинӣ дар мавриди Тоҷикистон бошад, ки бар пояи нишонаҳо ва тамоюлҳои мавҷуда ҳадс зада шавад.
ИСЛОМ
Ҳарчанд бисёре аз файласуфони машҳур назарияҳои “бархӯрди тамаддунҳо” ва “поёни таърих”-ро рад мекунанд, бахше аз онҳо рӯйдодҳои 30 соли охирро ба талоши ҷаҳонгирии дини Ислом ва вокуниш ба он бастагӣ медиҳанд. Қисми дигар бар инанд, ки уқдаи ақибафтодагии олами Ислом дар сабқат бо Ғарб падидаеро бо номи ҳаросафканӣ ба миён овардааст. Савумиҳо дар тафсири зуҳури он ишора ба ҳамлаҳои Ғарб дар Ироқу Афғонистон мекунанд, ҳарчанд ки ин падида пеш аз ин низ вуҷуд дошт ва ихтирои мусалмонон набудааст.
Бо назардошти мавҷи бузурги паноҳандагон аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо дар солҳои охир таҳлилгароне чун Тариқ Рамазон ояндаи Аврупоро баста ба Ислом мебинанд. Чунин коршиносон исломситезӣ дар Ғарбро талоши ҳифзи “қаламрави динӣ ва ахлоқӣ”-и аврупоиён мешуморанд.
Таҳлилгари рус Сергей Рязантсев мегӯяд: "то соли 2050 зиёда аз 15 дарсади аҳолии Олмонро мусалмонон ташкил хоҳанд дод". Бархе аз таҳлилгарон ҳатто аз номи фолбини машҳур Ванга меоранд, ки дар соли 2043 ҳокимият дар Аврупо ба дасти мусалмонон хоҳад гузашт. Яқинан, чунин гузори таърихӣ падидаи осоишта нахоҳад буд! Коршиносони рус дар ташвишанд, ки густариши Ислом дар Аврупо ба рӯёрӯии сиёсие сабаб мешавад, ки мумкин аст, ба Русия низ сироят кунад ва дар паҳнои он ҷо бархӯрди хунинеро ба вуҷуд орад.
Вале тахминҳои дигар низ ҳастанд. Чунончи, маркази пажуҳишии амрикоии “Пю” гумон дорад, ки суръати афзоиши мусалмонон дар ҷаҳон аз соли 2030 сар карда рӯ ба коҳиш меорад, ҳарчанд шумораи умумии онҳо аз чаҳоряк ҳиссаи маҷмӯи аҳолӣ хоҳад гузашт.
Дар Тоҷикистон пас аз Соли Имоми Аъзам давлат дар баробари дин вориди бунбаст шуд. Аксари коршиносони ғарбӣ бар инанд ки кишвар умдатан ба қолабҳои озмудашудаи сабки шӯравӣ баргашт, чун дар муносибаташ ба дин шеваи наверо, ки барои ҳар ду тараф созгор бошад, пайдо карда натавонист. Ҳоло қисме аз нозирони вазъ сиёсати расмиро маъқул медонанд ва қисми дигар бар инанд, ки пайомадҳои чунин сиёсат метавонанд, сангинтар аз ҳама зарбаҳое бошанд, ки қаблан ба рукнҳои давлат ва давлатдории тоҷик зада шудаанд.
Адам ё заъфи адолати иҷтимоӣ, густариши вартаи байни сарватмандон ва камбағалон, ноқаноатмандии умумӣ аз шеваҳои мудирият, фасоди фарогир, уқдаи қамбинӣ, қудратталабӣ ва омилҳои дигар "марксизм"-и исломиро ба назарияи ҷолиб ва маҳбуби садҳо ҳазор нафар аз ҷавонон табдил хоҳад дод. Рушан нест, саромадони кишвар дурнамои ин равандро дар назар доранд ё на. Бештар -- на. Бо ин мушкил ҳал нахоҳад шуд, балки ҳалли он ба тавъиқ меафтаду бас. Шеваи бархӯрд бо мухолифони сиёсӣ низ тарафҳоро оштинопазиртар мекунад ва омилҳои низоъро ҳавасмандтар.
Кӯтоҳи сухан, Тоҷикистонро дар 30 соли оянда метавонад Бекории Бузург, бӯҳрони сиёсию иҷтимоӣ, динию мазҳабӣ, демографӣ, экологӣ, мудохилаи хориҷӣ ва ноамниҳои зиёде дар пеш бошад, он ҳам дар пасманзари ноомодагии кишвар ба чунин таҳаввулот. Сад дареғ, ки ин ҳадс хушбинона нест. Аз замин то осмон хушҳол мешавам, агар ин пешбиниҳо иштибоҳ бошад ва инсони садаи 21 битавонад, аз ҳамаи хатарҳо худро эмин гардонад ва барои ҳамгинонаш ҳаёти осуда ва шарафмандона фароҳам орад. Дунё ба умед!