Мӯъминобод. Ноҳияе бо 22 деҳаи бебарқу беш аз 10 миллион сомонӣ қарздор аз барқ
Раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон мегӯяд, ба ҳолати якуми июли соли 2017 қарзи ноҳия аз пардохти хизматрасонии барқ 10 миллиону 354 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тоҳирхон Амиршозода бо зикри ин нукта имрӯз, 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, аз ин маблағ 9 миллиону 245 ҳазор сомониаш ба қарзи аҳолӣ рост меояд. Аммо ӯ таъкид намуд, ки “500 ҳазор сомонии ин маблағ собит нашуд. Мардум бо нишон додани чеки супоридаи худ тавонистанд, қисме аз маблағҳоеро, ки ҳамчун қарз ба номи онҳо навишта шудааст, бартараф кунанд”.
Ин ҳам дар ҳоле ки бино ба гуфтаи раиси Мӯъминобод дар миқёси ноҳия 22 деҳаҳои хурде мавҷуданд, ки ҳанӯз хатти барқ кашида нашудааст. Ҷаноби Амиршозода гуфт, дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон 8 деҳа, дар ҷамоати деҳоти Деҳбанд 5 деҳа, дар ҷамоати деҳоти Н.Назаров 3 деҳа ва дар ҷамоати деҳоти Боғгаӣ 3 ва дар ҷамоати деҳоти Балхобӣ 3 деҳа умуман барқ надоранд. Раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, то ҳадди имкон барои бо барқ таъмин кардани ин деҳаҳо талош хоҳанд кард.