Қодирзода: Донишгоҳҳо хостори то 25% боло бурдани нархи шартномаи таҳсил шудаанд (ВИДЕО)
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бархе донишгоҳҳои кишвар хостори то 20-25 дарсад боло бурда нархи шартномаи таҳсил шудаанд.
Қодирзода имрӯз, 27 июл бо зикри ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе афзуд, аммо хадамот пешниҳоди донишгоҳҳоро дар мавриди то 25 дарсад боло бурдани нархи шартнмаи таҳсил рад намуд. Ӯ гуфт, вақте пешниҳоди афзоиши нархи шартномаи таҳсид дар донишгоҳҳо ироа мегардад, онҳо вазъи иҷтимоии мардум ва ҳолати молиявии донишгоҳҳоро ба назар мегиранд: “Мо таҳлили зиёд мегузаронем, ҳарчанд пешниҳодҳо аз 20 то 25% буд, вале мо ба ин сатҳ баланд намекунем. Болоравии нархҳоро аз 8 то 10% муқаррар мекунем”.
Ҷаноби Қодирзода илова намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ тибқи қоидаҳои муайян кардани арзиш ва пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишвар ва муроҷиати чунин муассисаҳо, нархномаҳои 32 муассисаи таълимиро дар гуруҳҳои шартномавӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба мувофиқа расонд.
Вай мегӯяд, аз моҳи марти соли равон арзиши хизматрасонии имтионҳои марказонидаи дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестӣ мавриди бозбинӣ қарор дода шудааст: “Дар натиҷа нархи хизматрасонии мазкур ба андозаи 220 сомонӣ муайян ва ба мувофиқа расонида шуд, ки баландшавӣ нисбати сатҳи амалкунанда 10%-ро ташкил медиҳад”.