Кӯлоб: Боздошти сардори шӯъбаи милиса бо иттиҳоми гирифтани пора
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти сардори шӯъбаи милисаи деҳоти Зиракии ШВКД шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, Қаландаров Бахтиёр Искандарович барои оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ аз шаҳрванд “А” 4000 сомонӣ талаб намудааст. Манбаъ меафзояд, ӯ аз ин маблағ 600 сомониашро гирифта, овардани 3400 сомонии дигарро талаб намудааст: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Қаландаров Бахтиёр ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 3400 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи мазкур ҳамчун далели шаъӣ ёфта, гирифта шуд”.
Агентӣ мегӯяд, ҳоло нисбати Қаландаров бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.