Зимнан, ду сол қабл, миёни ширкати “Тоҷик Эйр” ва ширкати «Xian Aircraft international Cooperation»-и Хитой дар бораи харидории ду адад ҳавопаймои “МА-60” мувофиқатномае имзо шуда буд. Ҳамакнун ҳавопаймои “МА-60” тавассути воми “Эксимбонк”-и Чин харидорӣ шудааст, ки ин муомилот, ба гуфтаи масъулони ширкати “Тоҷик Эйр”, аз лиҳози молӣ барои ширкат муфид тамом шудааст.Қарор аст, ин ҳавопаймо дар масирҳои дохили кишвар ё давлатҳои ҳамсоя истифода шавад.Бино ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, барои кор дар ҳавопаймоҳои хитойӣ 10 халабон, 28 корманди фаннӣ ва 4 муҳандиси ин ширкат дар Чин давраи таълимиро фаро гирифтаанд.