САДО: Афзоиши худкушӣ миёни хонандаҳои макотиби Суғд
Дар шимоли Тоҷикистон ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани хонандаҳои муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфтааст.
Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 24 ноболиғ ҳодисаи худкушӣ ва сўйиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора 22 нафар хонандаҳои таҳсилоти умумӣ будаанд. Дар ин бора Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилоят дар як нишасти хабарӣ иброз дошт: "Ин ҳодисаҳо дар шаҳру навоҳии Конибодом – 2 адад, Хуҷанд – 1, Истаравшан – 2, Панҷакент – 8, Мастчоҳ – 4, Зафаробод – 2 адад ва Ҷаббор Расулов, Исфара, Истиқлол – 1-ададӣ ба қайд расидааст, ки ин ҳодисаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, 5 адад зиёд мебошад”.
Ӯ ҳамчунин афзуд, дар ин давра 70 ноболиғ ҷиноят содир кардаанд, ки 35 тани онҳоро хонандаҳои мактаб ташкил медиҳад. “Ҳодисаҳои ҷиноятсодиркунӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як адад кам мебошад. Чунин ҳодисаҳо дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Деваштич рух додаанд”,-афзуд Каримзода.