Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ се нафар сокини шимоли кишвар, ки якеи онҳо кӯдаки сесола мебошад, бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт, ки хонаҳояшонро тавассути он гарм мекарданд, ба ҳалокат расида буданд.
Ҳамзамон, як ронандаи ноболиғ бойиси марги ронандаи дигар дар вилояти Суғд гардидааст. Юсуф Муҳиддинов, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд бе ҳуҷҷати ронандагӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарин, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-2106, таҳти идораи ронанда, сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуқаюм Холиқов ва «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 67-солаи шаҳр Матлуба Мӯминова бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи ВАЗ-2106 Абдуқаюм Холиқов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.