Ҳамзамон, дар ҷаласа бо дахли масоили ғановати бозори истеъмолӣ, ба хусус таъмини бозорҳои шаҳр бо гӯшти хушсифат, пеш аз ҳама бо нархҳои тавсиявии 1 кг гӯшти гов 23 сомонӣ ва гӯсфанд 24, ки бо ин мақсад аз ҷониби шаҳрдорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ ва 20 нафар соҳибкорони маҳаллаи 33-юм ба ҳар яке аз онҳо 50 ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шудааст, ба сохторҳои назорати давлатӣ дастур гардид, ки воқеияти гардиши мақсадноки маблағҳо ва пешниҳоди гӯшти хушсифат аз ҷониби субъектҳои зикргашта ба сокинонро пайваста зери таваҷҷӯҳ қарор диҳанд.
Инчунин бо дарназардошти болоравии нархи маводи сӯзишворӣ ва хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати тағйирдиҳии тарифҳои хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ таъкид гашт, ки аз 1 июни соли 2011 тарифҳои нав дар шаҳри Душанбе муқаррар карда хоҳад шуд. Бояд хотиррасон намуд, ки тарифҳои мавҷуда аз 1 июни соли 2008 дар шаҳр амал дошта, дар ин муддат нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданию қисмҳои эҳтиётӣ ба маротиб афзойиш ёфтааст.