Зикр гардид, ки то давраи ба фаъолият шурўъ намудани котибот дар якҷоягӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи ташкили котибот як қатор корҳо, аз ҷумла, баргузор кардани озмун барои ҷалби мутахассисон ба котиботи мазкур, гузаронидани таҳлил ва ташхиси молиявӣ вобаста ба ҷараёни буҷет ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони интихобгардида ва дигар корҳои марбут ба фаъолиятҳои котиботи мазкур ба анҷом расонида шуданд.
Зимнан, дар назди иштирокчиёни семинари омўзишӣ кормандони масъул Қ. Мӯминов, Л. Борунова, Р. Туйчиева ва З. Мамадалиева баромад намуда, изҳор доштанд, ки буҷети давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат аҳамияти бузургро молик аст, бинобар ин сифати амаликунии сиёсати молиявии давлат ба савияи фаҳмиши масъалаҳои асосии буҷетии ҳамаи иштирокчиёни раванди буҷетӣ вобаста аст.
Дар охири ҳамойиш маросими муаррифии лоиҳаи «Мустаҳкам намудани иқтидори парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши молияи давлатӣ» баргузор гардид.