4 масҷиди панҷвақтаи Хуҷанд фаъолияташро дигар кард (САДО)
Давоми шаш моҳи ахир аз 37 масҷиди панҷвақта дар шимоли Тоҷикистон фаъоли 4-тои он манъ гардидааст. Дар ин бора Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи соли ҷорӣ ба ҷойи ин 4 масҷид корхонаи истеҳсоли адрасу атласбофӣ, чойхонаву кӯдакистон ва дорухона ташкил шудааст: “Дар маҳаллаи Масҷиди Савр коргоҳи ҳунарҳои миллӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова ташкил карда шуд, ки он бо истеҳсоли атласу адрас ва қолинбофӣ сару кор дорад. Дар маҳаллаи Тути калон барои кӯдакони нутқашон суст боғчаи бачагонаи хусусӣ ва дар маҳаллаи Сари баландӣ чойхонаву апетека ташкил карда шудааст. Як масҷиди майдаи дигар, ки он ҳам дар маҳаллаи Масҷиди Савр буд, дар манзили истиқоматӣ ташкил карда шуд, он маҳкам карда шудааст ва ҳоло фаъолият намебарад”.
Дар гузашта низ дар қаламрави Тоҷикистон дари даҳҳо масҷиде, ки санади лозимро надоштанд, баста шуд.