Суолу ҷавоб бо Нуралиев: Аз пули ҲНИТ-у Назарзода дар "Фононбонк" то тангаҳои нави филизӣ (ВИДЕО)
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл дар мулоқот бо хабарнигорон бурду бохти низоми бонкии кишварро тайи 6 моҳи гузашта мавриди баррасӣ қарор дод. “Озодагон” фишурдаи суолу ҷавоб бо Нуралиевро, ки дар бинои Бонки Миллӣ сурат гирифт, пешниҳоди хонандагон мекунад.
Суол: Пулҳои фарсуда зиёданд, Бонки Миллӣ алайҳи ин раванд чӣ корҳо анҷом дода истодааст?
Нуралиев: Бештар 1,3,5 сомонӣ фарсуда мешаванд, чун додугирифташон зиёд аст. Имрӯз дар муомилот зиёда аз 41 миллион пули 1 сомонӣ гардиш мехурад, ҳаҷми пулҳои 3 сомонӣ ба 32 миллион сомонӣ баробар аст. Фарсудашавии пулҳои коғазӣ, якчанд омилҳо дорад. Худи мардум баъзан бо дасти нам пул мегиранд, онро қатъ карда дар киса мезананд. Мо тасмим гирифтем, тангаҳои филизиро ба муомилот пешниҳод кунем. Аллакай шартнома ҳам ба имзо расид ва тангаҳо ояндаи наздик пешниҳод мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки фарсудашавӣ кам гардад.
Суол: Гуфта мешуд, ки пули ҳизби мамнӯи ҲНИТ-у Абдуҳалим Назарзода тариқи Фононбонк интиқол мешуданд. Оё Бонки Миллӣ инро таҳқиқ кард?
Нуралиев: Дар ҳақиқат ин масъала соли гузашта буд, мо санҷиш гузарондем, баъзе амлиёт вуҷуд доранд. Мо онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кардем. Ин амалиёт дар доираи парванда баррасӣ мешаванд ва ҷиноят будан ё набудани онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян мекунанд. Идомаи суҳбат бо Нуралиевро ин ҷо бихонед