Деҳқон “гастербайтер”-у нархҳо гарон: Чаро хоки Ватан моро сер намекунад? (ВИДЕО, САДО)
Дар Тоҷикистони камзамин, ки феълан сари ҳар сокин камтар аз 6 ҳисса замини корами обӣ рост меояд, майдонҳои кишт рӯ ба таназзул ниҳодаанд. Дар ҳоле ки ба 8,5 миллион нонхӯр дар кишвар ҳамасола 2%-и дигар зам мешавад, деҳқонҳои тоҷик мегӯянд, бисёре аз заминҳои Ватан мисли солҳои пешӣ ҳосилхез нестанд.
Мирзоалӣ Бобоев, кишоварзи 51-сола, ки аз замони наврасияш ба деҳқонӣ машғул аст, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, гармии тоқатфарсо, камобӣ ва камҳосилӣ ӯро солҳои охир дилсард кардааст: “Меҳнатро беш аз пеш мекунем, дору медиҳем, коргарҳои дигарро ҷалб мекунем, аммо ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонем. Дар гармои шадид обро барои мо танҳо рӯзона медиҳанд, ки он якбора зироатро касал мекунад”.
Кишоварзон: Дилсардӣ моро ба муҳоҷират мебарад...
Гуруҳи дигари кишоварзони тоҷик дар ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ камҳосилии солҳои охирро тасдиқ карда, онро ба гармои шадиду камобӣ рабт доданд. Деҳқон Юсуф Бобозода, ки дар марзи Душанбе заминдорӣ мекунад, гуфт, агар чунин вазъ идома ёбад, маҷбур аст, заминкориро канор гузораду рӯй ба муҳоҷират орад. Деҳқонони тоҷик гуфтанд, дар ҳоле, ки хароҷоти худро пӯшонда наметавонанд, бисёр мешунаванд, ки бархе шаҳрвандон онҳоро дар гаронии нарх дар бозорҳо айбдор мекунанд: “Агар вазъ ҳамин хел идома ёбад, нархҳо боз қиматтар мешаванд”.
Ин дар ҳолест, ки се маҳсулоти асосии ғизои миллии тоҷикон-картошка, пиёз, сабзӣ, танҳо давоми як соли охир беш аз 2 баробар қимат шудаанд. Нархи картошка, нони дуюми тоҷикистониён моҳи июни соли 2016 дар Душанбе 2 сомонӣ, пиёз-1-1,2 сомонӣ ва сабзӣ 1,5 сомонӣ буд. Феълан ин маҳсулот дар бозорҳои пойтахт ба ивази 4-5 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ахири парлумон зараровар шудани деҳқониро дар кишвар тасдиқ карда, гуфт, “мутаассифона дар заминҳо заҳкашу заҳбурҳо кандагӣ нестанд, заминҳо аз кор баромаданд, ҳосилнокияшон паст шуд. Ҳосили пахта аз 15-18 сенетенер зиёд нашуда истодааст. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки агар ҳосил 18 сентенер бошад, беҳтараш накоред. Хароҷоташро намепӯшонад, зарар меорад”.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо таъкиди муҳимияти масъала раёсати Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ, ниҳоди навтаъсис дар Тоҷикистонро муваззаф намуд, ки корҳоро барои беҳбуди вазъи замин вусъат бахшад.
Намак Тоҷикистонро бе нон мегузорад...
Барот Муродов, сармутахассиси Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” , далелҳои аслии камҳосилиро дар кишвар биёбону шӯршавии заминҳо хонд. Ба гуфтаи ӯ шӯршавӣ аз як тараф агар таъсири гармшавии ҳавою болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ бошад, аз тарафи дигар натиҷаи муносибати нодурусти инсоният бо табиат ҳаст. Муродов гуфт, гармшавии ҳаво обшавии обҳои зеризаминиро метезонад ва намакҳои зудҳалшавандаро ба қабати ҳосилхези замин мебарорад: “Намак ҳосилхезии заминро кам мекунад ва агар шӯрӣ аз ҳад зиёд гардад, замин умуман беҳосил мешавад”.
Дар баробари ин деҳқонони тоҷик мегӯянд, солҳои охир зимистонҳои гарму камбориш ва баҳори сарду боришоти шадиди якбора ҳамроҳи селу обхезӣ мушкилоти онҳоро дучанд кардааст. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон ин вазъро далели рӯшани тағйирёбии иқлим донист. Раҳимӣ ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, тағйирёбии иқлим танҳо гармшавии ҳаво нест ва баробари гармию хушкӣ, тӯфону селборонҳо низ афзоиш хоҳанд, ёфт: “Гармӣ боиси буғшавии оби кураи замин ва афзоиши тӯфону селу дигар офатҳо мегардад”.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон таассуфовар хонд, ки бисёри кишварҳои ҷаҳон овораи буҳронҳои сиёсию иқтисодиянд ва ба масоили тағйирёбии иқлиму табиат камтар таваҷҷуҳ мекунанд: “Муқобили тағйирёбии иқлим бояд ҳамаи кишварҳо ва ҷомеа якҷоя мубориза баранд. Агар вазъи ҳозира идома ёбад, ҳолат бадтар хоҳад шуд”. Ӯ таъкид намуд, ки дар мубориза бо тағйирёбии иқлим абарқудратҳое ақибнишинӣ карда истодаанд, ки аз ҳама зиёд ба табиат зарар мерасонанд ва газҳои гулхонагӣ содир менамоянд. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳушдор дод, ки биёбоншавии заминҳо ва дастрасӣ ба об, мушкилоти умдатарини башарият дар асри 21 хоҳанд шуд ва ин вазъ аллакай ба мушоҳида мерасад.
Олимони тоҷик роҳи наҷот аз гармию гуруснагиро дар Мурғоб меҷӯянд
Фарҳод Раҳимӣ муътақид аст, ки роҳи ҳалли муаммоҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дар илм мебошад. Дар шароити гармшавии ҳавою биёбоншавии заминҳо олимони тоҷик роҳи наҷотро дар даштҳои Мурғоб мекобанд. Президенти Академияи улуми Тоҷикистон азми олимони тоҷик барои кишт ва нашъунамои заминҳо дар ВМКБ, махсусан ноҳияи Мурғобро тасдиқ карда, гуфт, минтақаи шарқии ВМКБ миллионҳо гектар замин дорад: “Об ҳам то ҳадде ҳаст. Танҳо вазифаи мо аст, ки бояд тухмии мувофиқро пайдо кунем. Мо дар ин самт кор карда истодаем”.
Раҳимӣ афзуд, киштҳои таҷрибавӣ, ки дар мавзеи Булункӯл охири моҳи майи соли равон анҷом дода шуданд, феълан нашъунамои хуб доранд. Ба гуфтаи президенти Академия корҳои кишту агротехникӣ дар майдони мазкур таҳти назорати ҷиддӣ қарор доранд: “Ман бовар дорам, ки натиҷаи хуб хоҳанд дод. Аз натиҷаи он мо ҳукумат ва оммаро ҳатман огоҳ хоҳем кард”. Ҳакими Даврон