Раҳимзода: Бозпурсии наздикон, ин фишору таъқиб нест
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иддаоро, ки наздикони аъзои гуруҳҳои дар Тоҷикистон мамнуъ, аз ҷумла ҲНИТ таҳти фишору таъқиб қарор доранд, рад намуд.
Раҳимзода имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфт, “таъқибу фишор дар чист? Агар даъват шуданд барои бозпурсӣ, ин маънои фишорро надорад. Агар ба шакли шоҳид даъват шуданд, ё барои гирифтани иттилоъ бозпурсӣ шуданд, ин таъқибу фишор нест. Агар шаъну шарафи онҳоро паст зада бошанд, ин дигар. Дар ин бора ба мо ягон хел шикоят ворид нашудааст”.