Вазири фарҳанг: Набояд ба самти асри санг баргардем (ВИДЕО)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки либоси миллии тоҷикон кадом аст. Ба қавли Шамсиддин Орумбекзода ҳоло як гуруҳи вижа дар ин самт фаъолият дорад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз 21 июл дар ҳузури хабарнигорон афзуд, ба ин гуруҳ намояндаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президент шомиланд: “Дар ин масъала баҳсҳо идома дорад. Дар ҳақиқат эродҳо низ ҳастанд, ки мо бояд либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем. Аммо алъон хулосаи ин ки либоси миллии тоҷикон кадом аст, пешниҳод нашудааст”.
Ӯ афзуд, ҳангоми таҳияи либосҳои миллӣ “суннатҳои миллие, ки дар гузашта доштем, риоя шуда, бо назардошти пешрафти ҷомеаи имрӯза либосҳо такмил дода мешаванд. Либосҳо ҳам зебо ва ҳам барои саломатӣ муфид бояд бошанд”.
Вазир гуфт, либосҳои миллие, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ муайян мешавад, танҳо барои занон ҳастанд: “Барои мардон либоси аврупоие ҳаст, ки онро тамоми дунё қабул кардааст”.
Ба таъкиди ҷаноби Орумбекзода, дар шароити ҷаҳоншавӣ ҳатман бояд ҳамқадами замони муосир буд: “Он чизе ки барои пешрафт аст, натиҷаи тафаккур, ақлу идрок аст ба ҳамон самт бояд равем, на ин ки ба самти асри санг баргардем”.