Давлатзода дар бораи мошинҳои кормандонаш: Гаронарзиш менамоянду қимат нестанд
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон масъалаи мошинҳои гаронарзиши тобеинашро, ки ахиран дар вилояти Суғд як баҳс барангехта буд, шарҳ дод.
Давлатзода имрӯз, 21-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қариб ягон ҳамоиш бо хабарнигорон бидуни баҳси хонаю мошинҳои гаронарзиш намегузарад: “Ҳозир ягон мошини гаронарзиш ҳам намондааст. Мебинӣ ҳавас мекунӣ, фикр мекунӣ, ки гаронарзиш аст. Аммо дар бозор меравӣ, нархи гарон ҳам надорад. Аз бисёри кишварҳо баъди чандин соли истифода ворид мешаванд, ки қимат ҳам нестанд”.
Дар мавриди мошинҳои гаронарзиши назди идораи андози вилояти Суғд гуфт, “дар он ҷо танҳо, мошинҳои кормандон нест, он ҷо мошинҳои соҳибкорону шаҳрвандон низ метавонанд бошанд”.
Давлатзода дар идомаи ин мавзуъ суол гузошт, ки “дар пеши кадом ниҳоди давлатӣ мошин нест? Бе мошин ҳам намешавад. Мо ҳамаи ин масъалаҳоро баррасӣ мекунем. Ҳозир қонун дар бораи танзим аст, ки кормандони андоз низ дар доираи он кор мекунанд”.
Дар акс масъулини нозироти андози вилояти Суғд. Акс аз Озодӣ