ВИДЕО: Ректори Донишкадаи исломӣ дар бораи либоси миллӣ
Масъулини Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мегӯянд, тарҳи либосҳои миллиеро барои донишҷӯдухтарон омода кардаанд, ки посухгӯи талаботи шариати исломӣ мебошад.
Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори донишкадаи мазкур имрӯз, 21 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо Маркази исломии кишвар, фатво ва назари коршиносонаи онҳо бо ҳадафи “парҳез намудан аз шакли зоҳире, ки бо фарҳанги мо бегона аст”, таҳия шудааст.
Ӯ гуфт, ҳоло 90 дарсади донишҷӯдухтарон ин либосро ба бар мекунанд.
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар идома гуфт, баъзан чунин андеша баён мешавад, ки пӯшидани либоси арабӣ, эронӣ ё туркӣ нишонаи Ислом аст: “Ман дар як матлаби худ, ки дар нашрияи “Ҷумҳурият” нашр шуд, дар ин робита мисол задам, ки дар Индонезия, кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва ё кишварҳои арабие монанди Миср миёни масеҳӣ ва мусалмон аз назари либос тафовут дида наметавонед. Маънояш ин аст, ки либос либоси динӣ набуда, либоси миллии онҳост”.
Тоҷиддин Асомуддинзода афзуд, “либоси миллӣ бояд дар ҳама ҷо мадди назар бошад ва тибқи эҳтироме, ки дар шариати муқаддаси Ислом ба миллат ва қавм аст, метавонем бо доштани либоси миллӣ тамоми талаботи шариати Исломро ба ҷо биорем”.