Раиси Кумитаи андоз дар бораи баҳс бо Тсел, Билайн ва Мегафон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз пирӯзӣ дар баҳсҳои додгоҳӣ бар ширкатҳои мобилии “ТСЕЛЛ” ва “Билайн” хабар дода, изҳор дошт, ки санҷиши ахир пинҳонкунии андоз дар “Мегафон”-ро низ ошкор кардааст.
Давлатзода имрӯз, 21-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, баҳсҳо “Индиго Тоҷикистон”, маъруф бо ТСЕЛЛ ду моҳ қабл ба фоидаи буҷа ҳал шуд: “Ширкат бояд 155 миллион сомонӣ ба буҷа пардохт кунад. Масъала ҳал шуд, ширкат эътироф кард ва то ҳол 56,9 миллион сомониро ба буҷа пардохт кардааст. Ҳозир созиш кардем, ки то 1 октябр қарзро бояд пурра пардохт намояд”.
Дар мавриди “ТАКОМ”, ки зери тамғаи “Билайн” кор мекунад, раиси Кумитаи андоз гуфт, баҳси судӣ бо ин ширкат аввали соли равон ба фоидаи буҷа анҷомид: “Қарор шуд, ки 151,4 миллион сомониро бояд ба буҷа пардохт кунад. Аз ин то ҳол 48 миллион сомонӣ ба буҷа пардохт нагардидааст”.
Раиси Кумитаи андоз иттилоъ дод, ки ахиран фаъолияти “Мегафон”-ро низ санҷида, пинҳонкунии андоз дар ҳаҷми 183,5 миллион сомониро ошкор кардаанд: “Фикр мекунем, давра ба давра ин маблағро пардохт хоҳад кард. Бо Мегафон ҳоло ин масъалаи додгоҳӣ нест, масъалаи баҳсӣ аст. Дар ҳоли баррасӣ қарор дорад”.
Ба суоли “Озодагон”, ки оё афзоиши кашмакашҳо бо андозсупорандагон боиси фирори сармоягузорон аз кишвар намешавад, раиси Кумитаи андоз гуфт, масъала сари пинҳонкунии андозҳо аст ва он бештар ба маданияти андозсупорандагон рабт дорад.