Назарзода ин нуктаро 20 июл дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошта, афзуд, сохтори куҳнаи Кумита 7-8 сол пеш қабул шуда, ҳоло фурсати иваз кардани он фаро расидааст. Ӯ гуфт, сохторҳое, ки ҳоло фаъолият доранд, аслан вазифаи якдигарро такрор мекунанд. Генерал ҳамчунин таъкид кард, “имрӯз дар ноҳияҳо фақат як корманд дорем, мақсад пурзӯр кардани фаъолияти ноҳиявии кумита мешавад. Баъди қабули сохтори нав, барои пурзӯр намудани фаъолияти кумита дар минтақаҳо дар ноҳияҳои кишвар шӯъба ё зершӯъба ташкил мекунем”.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳуҷҷати қарори тағйири сохтор дар баррасии ҳукумат қарор дошта, баъди қабул гаштани он дар бораи сохтори нав маълумоти бештарро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳад гузошт.
Рустам Назарзода дар идомаи нишасти хабарӣ дар мавриди бо техникаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз кардани кумита гуфт, аз моҳи сентябр то ноябри соли равон аз ҷумҳурии Чин ба маблағи 70 миллион юан 62 намуд техника ворид хоҳанд кард: “Аз Ҷопон ба маблағи ним миллион доллар ва аз Русия ба маблағи 460 ҳазор доллар техникаҳои замонавиро қабул мекунем”.
Генерал Назарзода дар хусуси харидории чархбол гуфт, ҳоло кумита барои истифода ва нигоҳдории он омода нест. Ӯ афзуд, агар барои кумита чархбол лозим шавад, бо дастури раисҷумҳури кишвар ниҳодҳои қудратӣ онро ҷудо хоҳанд кард.