Ҳусейн Идиев: Нархи картошкаро Раёсати “Тоҷикматлубот” ё раиси шаҳри Душанбе гарон накардааст
Ҳусейн Идиев, раиси раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” далели болоравии нархи маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар шарҳ дод.
Ҳусейн Идиев имрӯз, 20 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар масъалаи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ пеш аз ҳама афзоиши нархи сӯзишворӣ, тағйирёбии қурби асъор, хароҷоти доруҳои менералӣ ва заҳмати деҳқонро ба назар гирифтан лозим: “Шахсан раёсати “Тоҷикматлубот” ё раиси шаҳри Душанбе нархи картошкаро аз 3 сомонию 50 дирам боло накардааст. Тиҷорат озод аст. Деҳқонро низ ба назар гирифтан даркор. Аз ҷониби дигар, қурби асъорро бинед, ки дар гузашта чӣ қадар буд ва имрӯз то куҷо расидааст. Нархи сузишворӣ ҳам гарон шуд, доруҳои менералӣ харидан лозим...”
Раиси раёсати “Тоҷикматлубот” таъкид намуд, ки масъули истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва нархҳои ин навъи маҳсулот Вазорати кишоварзӣ аст: “Дирӯз ҳамин саволро ба вазири кишоварзӣ дода буданд, ҷавоби вазири кишоварзиро дидам, лекин ман аз вазири кишоварзӣ, аз Вазорати кишоварзӣ чӣ фарқ мекунам? Вазорати кишварзӣ масъули нарху замину истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ин як ҷамъияти озод аст, новобаста аз ҳукумат. Мо тиҷорат мекунем, аз фаъолияти ҳаррӯзаамон даромад мегирем, лекин мо дастгирӣ кардем, мо худамонро яктарафа накардем. Агар Шумо аҳамият дода бошед дар моҳи Рамазон дар бозорҳои шаҳри Душанбе қариб ҳар рӯз ярмаркаҳо созмон дода шуд. Чӣ қадар имконияте доштем, равона кардем”.
Шарҳи Ҳусейн Идиев дар робита ба афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолест, ки Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дирӯз, 19-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ аз болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ истиқбол карда, гуфт, даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт. Сатторӣ гуфт, картошка имрӯз аз арзиши аслияш 2 баробар қиматтар фурӯхта мешавад: “Вақте маҳсулот арзон мешаваду деҳқон зарар мебинад, касе ин масъаларо ба миён намегузорад. Намегӯем, чаро меваҷоту полезӣ, тарбузу харбуза нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон аст, деҳқон зарар мебинад. Аммо дар мавриди картошка мегӯем. Сабаби асосии баланд шудани нархи картошка дар он аст, ки деҳқон имрӯз, маҳсулоти худро аз арзиши аслии маҳсулот баландтар мефурӯшад. Масъулини Иттифоқи “Тоҷикматлубот мегуянд, барои таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон захираи 1255 тонна пиёз, 1740 тонна картошка ва 80 тонна дигар номгӯи маҳсуотро пешбинӣ намудаанд".