Муборакшоев: Гармшавӣ ҳаст, аммо Сарез ором мебошад
Мақсуд Муборакшоев, сардори раёсати “Усой”-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гармшавии ҳаворо тасдиқ карда, изҳор дошт, ки ҳамарӯза сатҳи оби кӯли “Сарез” 13-14 сантиметр боло рафта истодааст.
Муборакшоев имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маъмулан болоравии сатҳи об то моҳи июл идома меёбад ва баъдан ба сатҳи муътадил бозмегардад: “Сарфи назар аз гармшавӣ Сарез ором мебошад”.
Ӯ таъкид намуд, ки тариқи “датчик”-ҳои махсус устувории садду сатҳи об назорат карда мешавад: “Инчунин Сарез аз моҳвора низ таҳти назорат қарор дорад. Сари ҳар вақт аз Сарез иттилоъ дастрас, таҳлил ва ба мақомот пешниҳод мегардад”.
Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар мавриди Сарез изҳор дошт, ки феълан низоми огоҳсозӣ аз рахнашавии сад то ноҳияи Дарвоз ва қисман то Ҳамадонӣ фаъол мебошад: “Мо имсол ният дорем, низоми огоҳсозиро то Шаҳритус роҳандозӣ кунем. Огоҳсозӣ тариқи алоқаи радиоӣ сурат мегирад”.