Генерал: Таҳқиқи ғарқшавии заврақ бо 7 нафар идома дорад
Генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ғарқшавии заврақ бо 7 нафар дар ноҳияи Дарвоз идома дорад.
Назарзода имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин ҳодисаи нохуш буд ва феълан барои ном бурдани гунаҳкорони қазия барвақт аст: “Ҳангоми таҳқиқ маълум мешавад, кӣ гунаҳкор? Умуман гунаҳкор буд ё на? Ҳозир тафтиш идома дорад”.
Раиси КҲФ иддаоро, ки афроди ғарқшуда ҳатто камзӯли наҷотдиҳӣ надоштанд, рад намуда гуфт, ҳамаи 7 нафари дар заврақбуда камзул доштанд.
Ахиран дар пайи зери об шудани заврақе дар шарқи Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расиданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ин заврақ ба созмони байналмилалии башардӯстонаи “Фокус” таалуқ доштааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар пайи аз кор мондани муҳаррики заврақ ҳангоми аз деҳаи Ёгед ба деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз гузаронидани одамон ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷа корманди ШВКД дар ноҳияи Рушон, прапоршики милитсия Ёдалиев Анвар, корманди Вазорати мудофиа Саъдуллоев Наим ва ноболиғ Акобирова Фирӯза сокини ноҳияи Дарвоз ғарқ шудаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.