Марги фаррош дар лифти беморхона: Мавод ба мақомот равона шуд (ВИДЕО)
Муродзода Дустмурод, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, санҷиши марги фаррош дар лифти таваллудхонаи рақами 1 анҷом ёфтааст.
Муродзода имрӯз, 20-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, таҳқиқи ҳодисаи мазкур аз сӯи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Хадамоти меҳнат анҷом дода шуда, мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона гардид: “Ҳодиса дар лифти саноатӣ рух додааст. Дар бештари ҳолатҳо, ҳодисаҳои нохуш, дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд. Хулоса аз рӯи ҳодисаи мазкур дар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид”.
Тибқи иттилои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ Ҳилол Таварова, фарроши 60-солаи Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологии Тоҷикистон нимсолаи гузашта дар пайи нохушӣ дар ҷои кор ба ҳалокат расидааст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, қазияро таҳти назорат гирифтаанд ва ҷониби ҷабрдида аз кӯмакпулиҳо бархӯрдор хоҳад шуд.