Манбаъ афзуд, ҷаноби Аслов ҳозиринро бо натиҷаҳои Конфронси тадорукотии Душанбе, ки 19₋20 октябри соли ҷорӣ зери унвони «Роҳ ба сӯи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об» барпо гардида буд, ошно сохт. Номбурда, инчунин дар бораи иқдоми дигари Тоҷикистон оид ба баргузор намудани ҳамойиши ҳамёрӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи об бо мақсади рушди устувор» (Partnership Forum on “Water Cooperation for Sustainable Development”) дар чаҳорчӯби Конфронси Рио+20 гузориш дод.
Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки ҳамойиши мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи бештари кишварҳои узви СММ ба масъалаҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ба вежа дар Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ₋ 2013, табодули таҷриба дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар масъалаҳои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, ҳифзи захираҳои об ҳамчун омили калидии рушди устувор ва ғайра созмон дода шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони Маҷористон, Олмон, Фаронса, инчунин роҳбарияти дафтари ҳамоҳангсози масъалаҳои Конфронси Рио+20, Ҳайати мушовараи Дафтари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои об ва беҳдошт (UNSGAB), Котиботи СММ-Об (UN-Water) ва дигарон дар масъалаҳои калидии рӯзномаи Конфронси Рио+20 суханронӣ намуданд.