Субҳон Ҷалилов дабири кулли “Медиа Алянси Тоҷикистон” интихоб шуд
Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои ширкати телевизион ва радиои “Ватан” дабири кулли созмони “Медиа алянси Тоҷикистон” интихоб шудааст.
Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечёрка” ва котиби “Медиа Алянси Тоҷикистон” ба “Озодагон” гуфт, интихоби Ҷалилов дар ҷаласаи навбатии созмон имрӯз, 19 июл сурат гирифтааст. Бар асоси оиннома дабири кулли ин созмони журналистӣ барои ду сол интихоб мешавад. То ин замон Муним Оламов, директори ҶДММ "Имрӯз News" ин симматро бар душ дошт.
Хонум Амиршоева афзуд, дар ҷаласаи имрӯз ҳамчунин Муним Оламов, Гулнора Амиршоева ва Бахтиер Мусоев (муҳаррири хабаргузории "Авесто") узви Шӯрои нозирон интихоб шуданд.
"Медиа Алянси Тоҷикистон" соли 2005 таъсис ёфт ва беш аз 30 журналист ва расонаҳои кишварро муттаҳид мекунад.