ВАО: Интерпол номи Аблязовро аз рӯйхати худ пок кард
Хабаргузории France-Presse бо истинод ба як "манбаи хабарӣ"-и худ иттилоъ медиҳад, ки Интерпол ё пулиси байналмилалӣ номи раҳбари пешини бонки БТА-и Қазоқистон Мухтор Аблязовро аз феҳристи афроди таҳти ҷустуҷӯ дар вебсайти расмии худ ҳазф кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин огоҳие, ки барои боздошт ва истирдоди бонкдори пешини қазоқ ба яке аз кишварҳо иҷозат медод, бекор шудааст.
Додгоҳи шаҳри Алмаатои Қазоқистон 7 июн Аблязовро дар дуздии сармоя, истифодаи ғайриқонунии дороиҳои бонки БТА ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор ва ғоибона ба 20 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард. Ҳамчунин ӯ то се сол аз ҳаққи мудирият дар риштаи бонкӣ маҳрум ва ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 2100 доллар вазифадор шуд.
Дар Қазоқистон соли 2009 зидди Аблязов парванда боз карданд ва ӯ маҷбур шуд, аз кишвар фирор кунад. Баъди таҳти пайгарди пулиси байналмилал қарор гирифтанаш, вайро соли 2013 дар Фаронса боздошт карданд ва Русияву Украина ҳамзамон барои истирдоди ӯ дархост фиристоданд.
Вале Шӯрои давлатии Фаронса баъди баррасии дархости вакилони дифои Аблязов дар моҳи декабри соли гузашта истирдоди бонкдори пешини қазоқро манъ кард.