Даъвати ВКД барои ҳамкорӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шаҳрвандонро аз гармшавии ҳаво то охири моҳи ҷорӣ ва хатари омадани сел ҳушдор додааст.
Ин ниҳод бо такя ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то охири моҳи июл баландшавии ҳарорати ҳаво дар кишвар дар назар дошта шуда, хатари баландшавии сатҳи об ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо аз эҳтимол дур нест. Зимнан, вазорат аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ дар деҳаҳои наздисоҳилӣ ва баландкуҳҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намоянд: “Рақами телефонҳои КҲФ: (+992 37) 223-13-11, 112; рақами телефонҳои ВКД: (+992 37) 227-98-98, 221-21-21, 19-19”.
Ин дар ҳолест ки рӯзи гузашта масъулини Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон гуфтанд, давоми даҳ рӯзи оянда Тоҷикистонро ҳавои тафсон интизор аст. Ҳомидҷон Расулзода, директори ин агентӣ 18 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бино ба пешгӯиҳои онҳо ҳарорати ҳаво давоми даҳ рӯзи оянда дар вилояти Хатлон 42-43, Суғ-40 ва шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи он ба 37-39 дараҷа гармӣ мерасад. Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон соли 2011 шоҳиди чунин як гармӣ шуда буд. Ба иттилои Расулзода баландтарин нишондиҳандаи гармии имсол 8 июл сабт шудааст: “Ҳарорати ҳаво ба 43 дараҷа расид, ки мо онро рекордӣ меҳисобем”.
Акс аз бойгонӣ