Таъмири пули марказии шаҳри Хуҷанд ба таъхир афтодааст (САДО)
Пули марказии шаҳри Хуҷанд, ки қарор буд, таъмиру тармими он соли 2017 шурӯъ гардад, барои вақти муайян ба таъхир афтодааст.
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд зимни нишасти хабариаш дар ҷавоб ба суоли “Озодагон” дар бораи замони шурӯи сохтмони пули марказӣ гуфт, барои таъмир кардани пули куҳна, ки солҳои 50-ум сохта шудаасту ба назари онҳо хеле фарсудаву таъмирталаб буд, бо ҷалби мутахассисони соҳа харҷномаи таъмиру васънамоии онро ба миқдори 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ тартиб доданд: “Лекин дар соли ҷорӣ ягон ташвиши фарсудашавӣ ва ё аз кор баромадани ин пул нест, зеро бино ба хулосаи мутахассисон, пули куҳна пурра фаъолият карда метавонад”.
Ҷаноби Муҳаммадзода дар идома афзуд, “дар оғози таъмир мо барои васеъ кардани он нақша карда будем ва агар буҷаи шаҳр ё вилоят имкон диҳад, соли оянда таъмири онро шурӯъ менамоем. Феълан, нақшаву лоиҳаи таъмири пул омода аст”.
6 январи соли 2017 аз маъмурияти шаҳр ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буданд, ки ин пул бо дарозии 620 метр ва паҳноии 12 метр ҳанӯз 54 сол қабл, дар замони Шӯравии пешин сохта шуда, бар асоси тарҳи нав, паҳноии кӯпрук аз 12 ба 14 метр васеъ карда мешавад.