Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, қарорҳои нодурусту ғайриқонунии додрасҳо афзоиш ёфтааст
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз афзоиши қарорҳои нодурусту ғайриқонунии судяҳо хабар дода, ин ҳолатро яке аз камбудиҳои мақомоти додгоҳии кишвар арзёбӣ намуд.
Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 17 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанб гуфт, дар 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби судяҳои кишвар 266 санади нодурусту ғайриқонунӣ содир шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ӯ иброз дошт, қарорҳои ғайриқонунӣ содиркардаи судяҳо аз ҷониби судҳои болоӣ бекор шуда, нисбати додрасҳо чораандешӣ шудааст.
Масъулини Додгоҳи олӣ мегӯянд, бо мақсади аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар мақомоти судӣ дар нимсолаи дуюми соли равон амалисозии чорабиниҳои гуногун, аз қабили омӯзиш ва ҷамъбасти асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ, фаъол гардонидани расонидани ёрии амалӣ аз ҷониби Суди олӣ ба судяҳои поёнӣ, омӯзиш ва ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидоштаро ба нақши гирифтаанд.
Ба омори Додгоҳи олӣ, дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмӯъ аз ҷониби ҳамаи марҳилаҳои судӣ 77 ҳазору 644 адад парванда баррасӣ гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 374 адад зиёд мебошад.