Дар Мавсил 20 зани ҷиҳодӣ бо камарбанди марг боздошт шуд
Дар шаҳри Мавсил 20 зани ҷиҳодӣ боздошт шуд, ки омодаи ҳамла ба артиши Ироқ буданд. Дар ин бора нашрияи "Мавҷи Олмон" хабар медиҳад. Миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Русия, Олмон, Туркия ва Канада ҳастанд. Онҳо дар чоҳи зеризаминӣ пинҳон шуда, ҳамроҳи худ силоҳ ва камарбанди марг доштанд.
Ба иттилои расонаҳои Олмон, яке аз боздоштшудаҳо хонандаи 16-сола аз Саксония аст. Дар Олмон ӯро гумшудаи бе ному нишон медонистанд. То замони нопадидшавиаш дар соли 2016 вай бино бар робитаҳои интернетиаш бо ҷонибдорони гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" зери назари пулис буд. Додситонии Олмон нисбати ин хонандаи мактаб бо гумони содир кардани ҷинояти сангини зиддидавлатӣ парванда кушода буд. Аммо парванда баъди нопадидшавии гумонбар қатъ гардид.
Сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ободӣ 10 июл аз озодшавии Мавсил хабар дод. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" соли 2014 Мавсилро ғасб ва онҷо хилофат ташкил кард. Мавсил барои ҷангҷӯён яке аз шаҳрҳои калидӣ буд.