А.Ғоиб дар бораи “пулкоркунӣ”-и гумрукчиён: Шароитҳои пешина нест... (ВИДЕО)
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, сиёсати кадрӣ, далели зиёд будани довталабони кор дар гумрук, маоши кормандон ва сарчашмаи хонаю мошинҳои гаронарзиши кормандони тобеяшро шарҳ дод.
А.Ғоиб имрӯз, 18-уми июл, дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, “Сару садо аз рӯи мошинҳою хонаҳои кормандони гумрук ҷой дорад. Инро ҳама медонанд, ҳеч вақт хонаю мошинро дар киса пинҳон карда намешавад. Чӣ хел гӯям, ин ба инсофу виҷдони ҳамон коргар вобаста аст, ки то ҳозир кор кардааст. Он шароитҳое, ки дар кормандони гумрук пеш буд, ҳозир нест. Ҳозир аксар вақт кормандон ариза навишта, аз мақомот рафта истодаанд. Ба тиҷорат мераванд, ин ҳолатҳо ҳам бисёр аст”.
Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид намуд, ки баъди Рустами Эмомалӣ ӯ таҷрибаи тариқи озмун ба кор қабул кардани кормандони гумрукро идома дод: “Аллакай маротибаи дуюм аст, ки ба кор тариқи озмун қабул мекунем. Маротибаи дуюм барои 39 ҷой зиёда аз 800 нафар ҳуҷҷат супорид. Аз ин 285 нафар аллакай аз қисмати якум, санҷиши тестиро гузашт. Боз суҳбат мешавад. Ба нафароне бартарӣ медиҳем, ки аз рӯи ихтиссос, иқтисодчӣ ё ҳуқуқшинос таҷрибаи корӣ дошта бошад, хизмати модар ватанро иҷро карда бошад ва забонҳоро донад”.
Сардори Хадамоти гумрук афзуд, маоши кормандони гумрук аз дигар ниҳодҳо фарқ мекунад: “Ба ҳисоби миёна маоши лейтенанти ҷавон, ки нав ба кор омадааст, то 800 сомонӣ мебошад. Вақте дар Хадамоти гумрук, ё раёсатҳои минтақавӣ нақша иҷро мешавад, кормандон ҳақ доранд, як маоши вазифавии дигар ҳамчун мукофотпулӣ гиранд”.
Ӯ бо таассуф изҳор дошт, ки давоми ду соли охир Хадамоти гумрук нақшаро иҷро накард, аммо кормандони раёсатҳое, ки аз уҳдаи иҷрои нақша баромадаанд, аз имтиёзи мукофотпулӣ бархӯрдор мебошанд.