Агентии обуҳавошиносӣ: Ҳарорати 8 июл рекордӣ буд
Масъулини Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳ рӯзи оянда Тоҷикистонро ҳавои тафсон интизор аст.
Ҳомидҷон Расулзода, директори ин агентӣ имрӯз, 18 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бино ба пешгӯиҳои онҳо ҳарорати ҳаво давоми даҳ рӯзи оянда дар вилояти Хатлон 42-43, Суғ-40 ва шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи он ба 37-39 дараҷа гармӣ мерасад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон соли 2011 шоҳиди чунин як гармӣ шуда буд.
Ба иттилои Расулзода баландтарин нишондиҳандаи гармии имсол 8 июл сабт шудааст: “Ҳарорати ҳаво ба 43 дараҷа расид, ки мо онро рекордӣ меҳисобем”.