Ҷаримаи як хонум барои фурӯши маводи мухаддир дар Хатлон
Як зан дар шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи нашъадор боздошт шудааст.
Сайфиддин Баротов, сардори шӯъбаи байниноҳиявии раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон аз ин хонум Кулобева Н. ном бурда гуфт, дар пайи як амалиёти фаврӣ аз хонаи зисти ӯ “ҳашиш” ёфт шудааст. Ба гуфтаи Баротов, ин зан худаш низ маводи нашъадор истеъмол мекардааст. “Бинобар миқдори кам ёфт шудан нисбати ин хонум парвандаи маъмурӣ боз намуда, ба маблағи 2000 сомонӣ ҷарима намудем”.
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори расмӣ дар шаш моҳи ахир дар қаламрави шаҳри Кӯлоб 9 зани нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли сипаришуда теъдоди занҳои нашъаманд 6 нафар будааст.