А.Ғоиб дар бораи хабарҳои бозпурсию қасди фирораш аз кишвар ва боздошти "шогирдонаш" (ВИДЕО)
Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, боздошти тими собиқаш дар Оҷонсии зидди фасод ва Хадамоти гумрук, овозаҳо дар бораи қасди фирор аз кишвар ва бозпурсиаш аз сӯи муфаттишони мақомоти амниятиро шарҳ дод.
Ӯ имрӯз, 18-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” сару садоҳо дар бораи мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанашро аз сӯи муфаттишон рад кард: “Бозпурсӣ нашудаам. Дар қазия бархе ҳангомаҷӯён ҳастанд. Як журналист ба ман мактуб навиштааст, ки гӯиё шумо аз кишвар фирор кардаед, оё ин рост аст? О ман дар кабинет ҳастаму шумо ба ман мактуб навиштаед. Ман чӣ гуна фирор кардаам”.
Дар мавриди боздошти Фахриддин Бозоров, муовини сардори Раёсати мубориза бо қочоқи гумрукӣ ва Фаридун Беназирзода, муовини сардори минтақавии гумруки вилояти Суғд, ки аз онҳо “кадрҳои Абдуфаттоҳи Ғоиб” ном бурда мешавад, сардори Хадамоти гумрук гуфт, “ду нафар Беназирзода ва Бозоров боздошт шудаанд. Бозоров ҳамагӣ як моҳ дар Хадамоти гумрук фаъолият кард ва боздошташ ба гумрук рабт надорад. Ҷиноятҳое, ки инҳо гумонбар мешаванд, замони кор дар Оҷонсии зидди фасод содир кардаанд”.
Сардори Хадамоти гумрук аз он ки афроди боздоштшударо “кадрҳо” ё “шогирд”-ҳои Абдуфаттоҳи Ғоиб мегӯянд, изҳори норозигӣ кард: “Замоне, ки ман барои кор ба Агентӣ рафтам, Фирӯз Холмуродзода, аллакай сардори Шуъба буд, Бозоров ҳам муфаттиш буд, қабл аз ман фаъолият карданд. Ин, ки якҷо кор кардем, маънои устодию шогирдӣ надорад. Агар касе ҷиноят кардааст, ҷавоб медиҳад. Мақомот қилро аз хамир ҷудо мекунанд. Парвандаҳо махфӣ мебошанд”.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон 17-уми июл дар нишасти хабарии ниҳодаш дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, “атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст”.
Шоҳиён афзуд, ки номи масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод аллакай дар расонаҳо ҳаст. Ба гуфтаи раиси Суди Олӣ инҳо Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Фирӯз Холмуродзода, сардори раёсати тафтишот, як сардори дигари раёсат, дар умум парвандаи 10 масъули Оҷонсӣ ба додгоҳи олӣ ворид шудааст.