Ғарқшавии 4 нафар дар 1 рӯз дар “Баҳри Тоҷик” ва “Сирдарё”
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯяд, душанбеи 17 июл ҳангоми оббозӣ дар “Баҳри Тоҷик” 4 нафар ғарқ шудаанд.
Шаҳзода Бутаева, сухангӯи ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, як навраси 16-cола ҳангоми оббозӣ ва як ноболиғи 12-сола ҳини рондани велосипеди обӣ (катамаран) ба ғарқшавӣ дучор мешаванд: “Онҳо фавран аз тарафи наҷотдиҳандаҳо аз об берун шуданд”.
Хонум Бутаева гуфт, як ҷавони 34-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми оббозӣ қоидаҳоро риоя накарда, аз хатти муайяни мавзеи обутобгоҳи “Сайёд”-и соҳили “Баҳри Тоҷик” гузашта, ба ғарқшавӣ дучор гардидааст. Ӯ ҳам наҷот ёфта, сари вақт аз об зинда берун шудааст: “Ҳамзамон, дар назди обутобгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар дарёи Сир як ҷавони 32-сола ба ғарқшавӣ дучор шуда ва аз тарафи наҷотдиҳандагон фавран аз об зинда наҷот дода шудааст”.
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд давоми 6 моҳи соли равон 36 ҳолати ғарқшавиро ба қайд гирифтааст, ки 21 ҳолати он бо марг анҷомидааст.