Феҳрасти комили аъзои нави Академия: Аз Нуриддин Саид то Яқубов
Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳоро эълон кард.
Тибқи иттилоияи Академия, ки дастраси “Озодагон” шуд, унвони академикӣ ба Муминов Ҳикмат Ҳалимович, аз рӯи ихтисоси физика, Раҳмонов Зарулло Ҳусейнович аз математика ва ба Яқубов Юсуфшо аз рӯи ихтисоси таърих дода шуд.
Манбаъ номи аъзои нави вобастаи Академияи илмҳо ва ихтисосашонро ба тартиби зерин эълон кард: Абдуламонов Қозимамад –генетика, Абдуллоев Ҳабибулло Одинаевич-физикаи назариявӣ, Бадалов Абдулхайр-химияи ғайриорганикӣ, Бобоев Тошбой-физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Гулов Саидалӣ Маъмурович-растанипарварӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин- Ботаника ва экология, Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода – Шарқшиносӣ, Идиев Хайридин Усмонович - Фалсафаи иҷтимоӣ, Исҳоқов Сулаймон Абунасрович-Математика, Кобулиев Зайнолобуддин Валиевич-Экологияи муҳити зист, Кўчаров Аламхон – Адабиётшиносӣ, Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна-Астрономия, Мадвалиев Умархон- Физикаи таҷрибавӣ, Мансури Дилрабо-Мошинсозӣ, Муҳаммад Абдураҳмон Наврўз-Сиёсатшиносӣ, Муҳаммадалӣ Музаффар-Антропологияи фалсафӣ, Назарзода Сайфиддин-Забоншиносӣ, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин-Ҳуқуқшиносӣ, Пирумшоев Ҳайдаршо-Таърих, Раҳимзода Маҳмад Забир – Ҳуқуқшиносӣ, Раҳимов Исматулло-Химияи дорусозӣ, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло-Забоншиносӣ, Саид Нуриддин Саид-Антропологияи фалсафӣ, Саидмуродов Лютфилло Ҳабибуллоевич-Иқтисодиёт, Саидов Абдусаттор Самадович-Зоология, Салиҳов Тағоймурод Хаитович-Физикаи назариявӣ, Султонов Мирзоҳасан Баротович-Забоншиносӣ, Табарӣ Абдулло Ҳабибулло-Математика, Туйчиев Шарофиддин-Физикаи ҳолатҳои конденсӣ, Ҷумъаев Бахшулло Боқиевич-Физиология ва биохимияи растаниҳо, Шарифзода Абдуфаттоҳ Абдуваҳҳоб-Таърих, Шарифов Худоӣ-Адабиётшиносӣ, Ятимов Саймумин Сатторович-сиёсатшиносӣ.
Дар феҳрасти аъзои нави Академияи улум, Нуриддин Саид, вазири маориф, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президент ва Раҳимзода Маҳмад Забир, сардори Маркази қонунгузории назди раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мавриди гирифтани унвонҳои илмӣ аз ҷониби мансабдорон гуфт, ниҳодаш ҳақ надорад, ҳаққи мансабдорони давлатиро барои пешниҳоди номзадӣ ба узвияти Академияи улум маҳдуд кунад.
Ӯ иддао ва матолибро, ки гӯиё мансабгароӣ дар Академияи улум хеле густурда аст ва унвонҳои илмӣ зиёд ба мансабдорони давлатӣ дода мешаванд, рад кард. Президенти Академия гуфт, аз 108 довталаби узвият дар Академияи улум ҳамагӣ 4 нафар дар мансабҳои давлатӣ фаъолият доранд: “Ҳамаи онҳо олимонанд, кори тадқиқотӣ доранд, дастовардҳои илмӣ доранд, дар донишгоҳҳо дарс медиҳанд, дар соҳаи худашон муваффақанд”.