Ҳалокати се нафар дар пайи ғарқ шудани заврақ
Дар пайи зери об шудани заврақе дар шарқи Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин заврақ ба созмони байналмилалии башардӯстонаи “Фокус” таалуқ доштааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар пайи аз кор мондани муҳаррики заврақ ҳангоми аз деҳаи Ёгет ба деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз гузаронидани одамон ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷа корманди ШВКД дар ноҳияи Рушон, прапоршики милитсия Ёдалиев Анвар, корманди Вазорати мудофиа Саъдуллоев Наим ва ноболиғ Акобирова Фирӯза сокини ноҳияи Дарвоз ғарқ шудаанд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон меафзояд, Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.