Розигии Президент барои истеҳсоли маводи тарканда дар Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат иҷозат додааст, ки дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ бунёд гардад.
Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ахиран имзо шуд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф гардидааст, бо корхонаи муштараки “Муосир” барои бунёди корхонаи тавлиди маводи таркандаи эмулсионӣ дар Данғара қарордод имзо намояд.
Маводи таркандаи эмулсионӣ аз нигоҳи экологӣ нисбатан тоза ва бехатар арзёбӣ шуда, бештар дар соҳаи саноату куҳкорӣ истифода мешавад.
Дар Тоҷикистон назорати корҳои таркишӣ ва маводи тарканда ба уҳдаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор шудааст. Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти мазкур ахиран ба “Озодагон” гуфт, тайи ду соли охир тамоми шаҳрвандони хориҷиро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд: “Давоми ду соли охир тамоми хориҷиҳоро барканор кардем. Мо бояд боварӣ дошта бошем, одамоне, ки бо маводи тарканда сарукор доранд, солиманд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ доғи судӣ надоранд ва дорои дониши мукаммал мебошанд. Мо мутахассисони ватаниро бо давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифтем”.
Раиси Хадамот инчунин иттилоъ дод, ки назорати корҳои таркиширо дар кишвар пурзӯр намудаанд. Ӯ афзуд, давоми 6-моҳа корхонаи “Тоҷиквзрыв”-ро барои қонуншиканӣ ба муҷозот кашиданд: “Барои ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи нодурусти нигоҳдорӣ муҷозот кардем. Масъалаҳои ҷузъӣ буданд, ягон қоидавайронкунии ҷиддиро ба қайд нагирифтем. Бо вуҷуди ин назорат бояд сахт бошад”.