Тоҷиддин Пирзода: Пасандозҳои мардум ва қарзи давлатро бармегардонем
Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, эътимод ва боварии мардумро ба бонк дубора барқарор хоҳанд кард.
Тоҷиддин Пирзода, раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” имрӯз, 14 июл дар як дидор бо хабарнигорон гуфт, муътақид аст, ки боварии мардумро ба ин ниҳоди молӣ бештар мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар суратҳисоби бонк ним миллиард сомонӣ “пули зинда” мавҷуд аст. “Ба боварии комил гуфта метавонем, ки амонатҳои мардум ва қарзи давлатро бармегардонем”,-афзуд Пирзода.
Ин ваъда дар ҳолест ки дар пайи буҳрони молӣ “Тоҷиксодиротбонк” натавонист амонатҳои муштариёнашро баргардонад. Баъди дарёфти кумак аз ҷониби давлат бонк эълон кард, ки ба баргардонидани амонатҳои мизоҷонаш шурӯъ кардааст. Моҳи декабри соли 2016 эълон шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи бонкҳои тиҷории кишвар беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард барои "Тоҷиксодиротбонк" ва як миллиард барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ шудааст. Вале муштариёни бонк мегӯянд, ба онҳо моҳона ҳамагӣ дар ҳаҷми 200 доллари амрикоӣ ва он ҳам бо асъори миллӣ маблағҳояшон пардохт мешавад.
Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)
Ба гуфтаи ҷаноби Пирзода, бонк миқдории кофии маблағро дар ихтиёр дорад, аммо ба хотири риояи меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон амонатҳои муштариёнро давра ба давра пардохт мекунад.
Раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” дар нишасти имрӯзи худ яке аз сабабҳои ба буҳрони шадид гирифтор шудани бонкро буҳрони ҷаҳонии молӣ ва бунёди сохтмонҳои азим дар қаламрави кишвар унвон кард.
Дар пайи ба мушкил печидани “Тоҷиксодиротбонк” Бонки миллӣ дар он маъмурияти муваққатӣ таъин намуд, ки фаъолияташ беш аз шаш моҳ идома кард.