Муҷозоти “Тоҷиквзрыв” ва барканории хориҷиҳо аз корҳои таркишӣ
Раҳим Санъат Асо, раҳбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии кор дар соҳаи саноат ва кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон гузориш дод, ки тайи ду соли охир тамоми шаҳрвандони хориҷиро аз корҳои таркишӣ дар кишвар барканор кардаанд.
Раҳим Санъат Асо имрӯз, 14-уми июл ба суоли “Озодагон” дар бораи далели барканории хориҷиҳо гуфт, афроде, ки бо маводи тарканда сарукор гиранд, бояд мавриди эътимод бошанд: “Давоми ду соли охир тамоми хориҷиҳоро барканор кардем. Мо бояд боварӣ дошта бошем, одамоне, ки бо маводи тарканда сарукор доранд, солиманд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ доғи судӣ надоранд ва дорои дониши мукаммал мебошанд. Мо мутахассисони ватаниро бо давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифтем”.
Раиси Хадамот инчунин иттилоъ дод, ки назорати корҳои таркиширо дар кишвар пурзӯр намудаанд. Ӯ афзуд, давоми 6-моҳа корхонаи “Тоҷиквзрыв”-ро барои қонуншиканӣ ба муҷозот кашиданд: “Барои ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи нодурусти нигоҳдорӣ муҷозот кардем. Масъалаҳои ҷузъӣ буданд, ягон қоидавайронкунии ҷиддиро ба қайд нагирифтем. Бо вуҷуди ин назорат бояд сахт бошад”.
Дар мавриди шикояти сокинони Рӯшон, ки дар пайи корҳои таркишӣ дар қаламрави Афғонистон зарар мебинанд, Раҳим Санъат Асо изҳор дошт, ки салоҳияти кори онҳо танҳо қаламрави Тоҷикистон аст: “Ба ин масъалаҳо бояд мақомоти амниятӣ, умури хориҷӣ ва дигар сохторҳо машғул шаванд. Агар моро ҷалб намоянд, ҳамкорӣ хоҳем кард”.
Ин дар ҳолест, ки шуморе аз сокинони ноҳияи Рӯшон аз силсилаи таркишҳо дар минтақаҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии исломии Афғонистон нигаронанд. Ба гуфтаи сокинони деҳаҳои ҳаммарз бо манотиқи марзии Афғонистон дар натиҷаи кӯҳтарконии шадиди роҳсозони Афғонистон хисороти зиёде ба деҳаҳои ин ноҳия расидааст.
Мирулло Оламов, сокини деҳаи Шипади ин ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ки се сангпора ба бинои мактаби ин деҳа афтидаанд. Ин сокини Рӯшон мегӯяд, ки роҳсозони кишвари ҳамсоя се моҳ аст, ки ин корро мекунанд ва ҳеҷ сокини ин деҳаҳао аз расидани зарари ҷисмонӣ эмин нест.
Ин сокинон мегӯянд, ки онҳо аз ин амалкардҳо ба мақомоти дахлдори ноҳия ҳам шикоят бурдаанд, аммо касе ба шикоятҳои онҳо вокуниш накардааст.