Резиши санг “Хундай-Старекс”-ро ба Хингоб чаппа кард ва ду нафарро кушт
Бар асари ба дарёи Хингоб чаппа шудани як мошин дар шарқи Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса баъд аз зуҳри 13 июл дар километри 51-уми шоҳроҳи Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз ба вуқӯъ пайвастааст. Манбаъ мегӯяд, вақте “Хундай-Старекс” аз самти ноҳияи Дарвоз ба самти ноҳияи Нуробод ҳаракат мекардааст, дар наздикии ҷамоати деҳоти Тавилдара, аз кӯҳ сангпораҳо афтида, ба қисми пеши он бармехӯрад: “Дар натиҷа ронандаи 24-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба соҳили дарёи Хингоб чаппа кардааст. Мутаассифона мусофирони дохили автомшина зани 22-солаи сокини ноҳияи Рушон ва зани 52-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, зани 43-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, зани 80-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғон: духтарчаҳои 10 ва 11-сола, сокинони ноҳияи Дарвоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.