Ҳушдор аз тӯфони пурчангу пурғубор дар Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ба дунболи гармои шадид ва боди сарду сахт баъзе аз қисматҳои кишвар ба гирдоби як тӯфони пурчангу ғубор хоҳанд печид.
Ба иттилои ин ниҳод, бар асоси пешгӯии Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, рӯзҳои 14 ва 15 июл (ҷумъа ва шанбе) дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ва як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди сарду сахт мевазад, ки суръати он дар ҳар сония аз 13 то 18 метр аст: “Бар асари ин бод тӯфони сахт бо чангу ғубор ба ҳаво мехезад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои баландкуҳ гармии ҳаво ҳифз мешавад ва барфҳо ва пиряхҳо об мешаванд, дар натиҷа хатари омадани сел, сангрезиш ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест”.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрванддон хоҳиш кардааст, хеле ботаваҷҷуҳ бошанд, ҳангоми убур аз роҳҳои куҳӣ ва хатарзо аз эҳтиёткор кор бигиранд. “Муҳим аст, ки дар ин рӯзҳо кӯдакон беназорат намонанд, бахусус ҳузури онҳо дар соҳили рӯдхонаву ҳавзҳои оббозӣ зери назорати шадид қарор гирад. Агар ҳангоми боди шадид дар кӯча бошед, маслиҳат аст, ки зуд худро дар таҳхонаву даромадгоҳи хонаҳо пинҳон созед. Маслиҳат нест, ки аз боди сахт паси деворҳои хонаҳо паноҳ баред, зеро эҳтимол меравад аз бомҳо шифер ва болопӯши дигар ба замин фуруд ояд, ки ин ба ҷони инсонҳо хатар хоҳад дошт”,-таъкид мекунад манбаъ ва меафзояд, “ҳамчунин маслиҳат аст, ки ҳангоми гузар аз роҳҳои мошингард боэҳтиёт бошед ва талош кунед аз зери симчӯбҳои интиқоли барқ ва пояҳои реклом, ҳамчунин биноҳои навсохт ва ё сохтмонашон мутаваққифшуда нагузаред. Зери симчӯбҳои интиқоли барқ будан низ хатар дорад”.
Кумита аз сокинони кишвар хостааст, дар ҳоли мушоҳида кардани ҳолатҳои фавқулода бо рақами кутоҳи “112” тамос бигиранд.